Нигаронии кишоварзон: боришот ба ҳосил зиён расонида метавонад

Обуҳавои боронии баҳори имсола дар Тоҷикистон ба ҳосили сабзавоту мева таъсири манфӣ расонида метавонад. Сабзавоту меваи осебпазир аз боришоти зиёд дар фасли баҳор зардолу, шафтолу, олуболу, гелос ва помидору бодиринг мебошанд. Боғдор аз Турсунзода Дӯст Ҳабибов бо изҳори нигаронӣ аз чунин вазъи обуҳаво мегӯяд, агар дар обуҳавои мусоид аз 15 сотих қитъаи замин 1 тонна […]

Обуҳавои боронии баҳори имсола дар Тоҷикистон ба ҳосили сабзавоту мева таъсири манфӣ расонида метавонад. Сабзавоту меваи осебпазир аз боришоти зиёд дар фасли баҳор зардолу, шафтолу, олуболу, гелос ва помидору бодиринг мебошанд.

Боғдор аз Турсунзода Дӯст Ҳабибов бо изҳори нигаронӣ аз чунин вазъи обуҳаво мегӯяд, агар дар обуҳавои мусоид аз 15 сотих қитъаи замин 1 тонна бодиринг ҷамъоварӣ шавад, пас дар обуҳавои сербориш ҳамагӣ 300 кило ҳосил ба даст оварда мешавад, яъне 70%-и ҳосил талаф меёбад.

Дар натиҷа нархи яклухти бодиринг дар бозори шаҳри Турсунзода тайи ду рӯзи охир аз 1,80 сомонӣ то 3 сомонӣ барои 1 кило боло рафт. Чаканафурӯшон онро аллакай бо нархи 4-5 сомонӣ барои 1 кило ба савдо мегузоранд. Дар пойтахт низ аҳвол чунин аст.

“Аз боришот пиёзу помидор ҳам осеб диданд, зеро онҳо ба касалиҳо дучор шуда, барои муолиҷаи он воситаҳои ҳимояи кимиёвӣ зарур аст, ки қиматанд ва дар ниҳояти кор ба болоравии арзиши аслии маҳсулот боис мегарданд”, – мегӯяд боз як кишоварзи дигар аз шаҳри Турсунзода Муҳаммад Шаймардонов.

Бино ба пешгӯии номбурда, имсол ҳосили шафтолу ва навъҳои тезпазаки ангур начандон зиёд хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки босуръат тағйирёбии ҳарорат, масалан, аз 30 дараҷа гарм то 12-14 салқинӣ дар муҳлати кӯтоҳ ба растаниҳо хатари зиёд дорад.

Коршиносони байнулмилалӣ тавсия медиҳанд, ки барои эмин нигоҳ доштани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ мебояд бештар аз парвариши растаниву буттаҳо дар гармхонаҳо ва зери плёека истифода кард.

Масалан, дар кишварҳои рушдёфта, натанҳо сабзавот, балки меваҳо низ дар гармхонаҳо првариш карда мешаванд. Ба гунаи мисол, дар Италия гелос дар хоки пӯшида (гармхонаҳо) парвариш ёфта, ҳосили хуб медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.