Бонкҳои Тоҷикистон даст кашиданро аз хизматгузорӣ бо шиносномаҳои коғазӣ рад мекунанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Чанде аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, бонкҳо хизматрасониҳоро ба мизоҷон бе шиносномаҳои пластикӣ рад мекунанд. Аммо дар бонкҳо ҷорӣ шудани чунин тартиботро рад карда, зикр менамоянд, ки бо пешниҳоди шиносномаҳои намунаи кӯҳна низ мизоҷон метавонанд аз ҳама гуна хизматрасониҳо истифода кунанд.

Маводи гузоштаи корбар Далер Абдуллоев дар шабакаи Facebook доир ба дар “Амонатбонк” ба ӯ надодани пули фиристода бо шиносномаи коғазӣ сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард.

“Расидем бачаҳо. Имрӯз ман пулро бо шиносномаи кӯҳна гирифта натавонистам. Ин маҷбуркунӣ ба гирифтани шиносномаи пластикӣ аст?”,навиштааст Абдуллоев дар шабакаи иҷтимоӣ.

Зери ин мавод баҳси пурҷӯшу хурӯш сурат гирифт: аксари корбарони бағазабомада намефаҳманд, ки ин барои бонк чӣ лозим аст, зеро чизи аз ҳама асосӣ барои ташкилотҳои қарзӣ – эътимод ҳосил кардан ба шахсияти мизоҷ ва пул кор кардан аз ҳисоби хизматрасонӣ аст.

Аксарият аз эҳтимол дур намедонанд, ки агар дар ҳамаи нуқтаҳое, ки пешниҳоди шиноснома талаб мешавад, қабули шиносномаҳои коғазӣ рад шавад, пас ба ин васила ҳар як шаҳрвандро ба гирифтани ID-шиноснома уҳдадор месозанд.

“Амонатбонк” рад мекунад

Дар “Амонатбонк” пешниҳоди чунин шартҳоро ба мизоҷон аз ҷониби кормандони бонк қотеъона рад карданд.

“Намефаҳмем, ки чунин маълумоти нодурусту носаҳеҳ ва беэътимод чӣ гуна паҳн мешавад”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар бонк.

Зикр шуд, ки ҳамаи хизматгузориҳои “Амонатбонк” имрӯз бо шиносномаи коғазӣ бидуни ягон маҳдудият анҷом дода мешаванд. Дар ин бонк ба мизоҷон тавсия доданд, ки дар сурати пайдо шудани ягон мушкилоте дар ин маврид ба раҳбарияти бонк муроҷиат кунанд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки дар ин робита ба бонкҳо ягон дастуре дода нашудааст ва хизматрасониҳои бонкӣ бояд бо шиносномаҳои намунаи амалкунанда дастрас бошанд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи феврали соли равон дар бораи бақайдгирии сим-кортҳои телефонҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи нав (ID-шиноснома) дар Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Қоидаҳои нав дар тағйирот ба қарори ҳукумат «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» зикр шудаанд. Мувофиқи қоидаҳои нав, агар шумо шиносномаи намунаи кӯҳна дошта бошед, онро бояд бо шиносномаи нави пластикӣ иваз намуда, сипас рақами телефони худро бо он ба қайд гузоред.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...