Дар сохтмони автодром дар вилояти Ленинград танҳо 1 шаҳрванди Тоҷикистон осеб дидааст

Asia-Plus

Миёни осебдидагон дар маҳалли сохтмони фароғатгоҳ дар вилояти Ленинград танҳо як нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Тавре котиби матбуоти Намояндагии Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов хабар дод, санаи 27 майи соли 2019 дар маҳалли сохтмони фароғатгоҳи “Игора-Драйв”, воқеъ дар ноҳияи Призоерскии вилояти Ленинград бар асари чаппа шудани зинаҳои чӯбӣ (опалубка) 7 коргар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Бинои ба гуфтаи ӯ, ВАО-и минтақавӣ иттилоъ доданд, ки коргарони осебдида, муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёӣ Марказӣ буда, 3 нафарашон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

“Баъди расидани иттилоъ корманди дар минтақа сафарбаршудаи Намояндагӣ муайян кард, ки танҳо як нафар аз муҳоҷирони осебдида шаҳрванди Тоҷикистон буда, ин шахс сокини 28-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Саидзода Музробиддини аст ва айни замон дар беморхона табобат мегирад”, – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки дар суҳбат бо корманди Намояндагӣ табибон вазъи саломатии муҳоҷири тоҷикро хуб арзёбӣ намуда, изҳор доштаанд, ки ҷароҳатҳои бардошта ба ҳаёти ӯ хатари ҷиддӣ надорад. Намояндагӣ ҳодисаи мазкурро пайгирӣ менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...