Дар сохтмони автодром дар вилояти Ленинград танҳо 1 шаҳрванди Тоҷикистон осеб дидааст

Миёни осебдидагон дар маҳалли сохтмони фароғатгоҳ дар вилояти Ленинград танҳо як нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Тавре котиби матбуоти Намояндагии Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов хабар дод, санаи 27 майи соли 2019 дар маҳалли сохтмони фароғатгоҳи “Игора-Драйв”, воқеъ дар ноҳияи Призоерскии вилояти Ленинград бар асари чаппа […]

Миёни осебдидагон дар маҳалли сохтмони фароғатгоҳ дар вилояти Ленинград танҳо як нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Тавре котиби матбуоти Намояндагии Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов хабар дод, санаи 27 майи соли 2019 дар маҳалли сохтмони фароғатгоҳи “Игора-Драйв”, воқеъ дар ноҳияи Призоерскии вилояти Ленинград бар асари чаппа шудани зинаҳои чӯбӣ (опалубка) 7 коргар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Бинои ба гуфтаи ӯ, ВАО-и минтақавӣ иттилоъ доданд, ки коргарони осебдида, муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёӣ Марказӣ буда, 3 нафарашон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

“Баъди расидани иттилоъ корманди дар минтақа сафарбаршудаи Намояндагӣ муайян кард, ки танҳо як нафар аз муҳоҷирони осебдида шаҳрванди Тоҷикистон буда, ин шахс сокини 28-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Саидзода Музробиддини аст ва айни замон дар беморхона табобат мегирад”, – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки дар суҳбат бо корманди Намояндагӣ табибон вазъи саломатии муҳоҷири тоҷикро хуб арзёбӣ намуда, изҳор доштаанд, ки ҷароҳатҳои бардошта ба ҳаёти ӯ хатари ҷиддӣ надорад. Намояндагӣ ҳодисаи мазкурро пайгирӣ менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.