Вақте қудрати муҳофизати фарзандро надорем…

Манзумаи ФИРӮЗ “Азия-Плюс”

“Як сол бе модар будан бароям хеле мушкил буд. Мушкиле, ки ногуфтанист”,- мегӯяд ноболиғи 9 сола, ки як сол аз модар дур буду имрӯз боз паҳлӯи модараш аст ва аз ҳаяҷони зиёд наметавонист ба суолҳои мо посух бидиҳад ва ҳатто номи худро бигӯяд.

Ин ноболиғ як сол дар яке аз хона-интернатҳои Русия қарор дошта, забони тоҷикиро фаромӯш кардааст. Ӯ танҳо калимаи “Оча”-ро медонаду аз хушҳолӣ чӣ гуфтанашро намедонад.

Соҷида (номи шартӣ) модари ноболиғ аз моҳи июни соли 2018 фарзанди 9 солаашро надидааст. Ӯ ҳамроҳи шавҳар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравад ва дар шаҳри Маскав фарзандонашро ба дунё меорад. Баъди тамом шудани муҳлати ҳуҷҷатҳо шавҳарашро ихроҷ мекунанд. Зан бо се фарзандаш танҳо мемонад ва дар ин муддат вақти муайяншудаи ҳуҷҷатҳои ӯ низ тамом мешавад. Тасмим мегирад, ки ҳуҷҷат дуруст карда дар Москав корро идома диҳад.

Аммо моҳи июн соҳибхонае, ки Соҷида ҳамроҳи фарзандонаш дар хонаи ӯ зиндагӣ мекард, ба писараш халтаи партов дода хоҳиш мекунад ӯро ба қутии партов партояд. Вақте кӯдак ба кӯча мебарояд кормандони васоят (опека) ӯро дар танҳоӣ дида, бо худ мебаранд. Баъди талошҳои зиёд модар ҷойи қарордошти фарзандашро маълум мекунаду барои баргардонидани ӯ меравад. Дар натиҷа аз сабаби надоштани ҳуҷҷат Сайёра ва ду фарзандашро низ аз Русия ихроҷ мекунанд. Аммо писари бузургаш  дар Маскав мемонад ва ӯро ба хонаи кӯдакон медиҳанд.

Соҷида қисса мекунад, ки барояш хеле сангин буд ҷудоӣ аз писар. Аммо мегӯяд илоҷе надошт. Аз сабаби надоштани шароити молӣ натавонист дар як сол ба аёдати писари хурдсолаш равад ва барои овардани ӯ ба ватан талош намояд. Ин модар дар як сол танҳо ба умеди мақомоти дахлдор буду ба ёди писар мегирист. Ба гуфтаи ӯ ҳамин писараш такягоҳ ва умеди ояндаи ӯст, чун ду фарзанди дигараш маъюб ҳастанд.

– Баъди як соли ҷудоӣ бо писари хурдсолам намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомот ӯро ба ман баргардониданд, ки хеле миннатдор ҳастам. Ҳамеша чашм ба роҳ будам ва  шароит надоштам ба назди ӯ биравам, чун ду фарзанди дигарам маъюб ҳастанд ва дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам. Тарбияи фарзандон имрӯз бар дӯши ман аст ва бароям мушкил аст. Ман кӯшиш мекунам ва тамоми ҳастиямро сарф мекунам, то ки ба фарзандонам шароити хуб муҳайё созам ва онҳоро тарбияи дуруст намоям.  

Тавре Ҳамроҳзода Баҳодур сардори Қабулгоҳи таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД ба “Азия-Плюс” гуфт, мақомоти дахлдор талош мекунанд, ки ин кӯдакони аз волидон дурмондаро ба ватан баргардонанд, то дар оилаҳои худ ба воя расанд.

Ба гуфтаи мавсуф, дар тӯли чор моҳи соли 2019 аз Федератсияи Русия 10 нафар фарзандони ноболиғи муҳоҷирони тоҷик, ки баъди ихроҷ шудани волидонашон он ҷо монда буданд, ба ватан баргардонида шудаанд.

Кам нестанд, кӯдакону наврасоне, ки баъди ба муҳоҷират рафтан бо волидон ва аз сабаби надоштани ҳуҷҷат ё ихроҷ кардани наздиконашон онҳо дар давлати Русия мемонанд. Ва танҳо бо дастгирии Вазорати корҳои дохила ин наврасон ба Қабулгоҳи таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД оварда шуда, баъдан ба наздикону пайвандонашон супорида мешаванд. Ин наврасон, дар Қабулгоҳи таҳвилгоҳи ноболиғон то ба наздиконашон супоридан нигоҳ дошта мешаванд, барояшон тамоми шароит муҳаё гардида, бо онҳо равоншиносон ва мутахассисон суҳбатҳои муфид мегузаронанд.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...