Воридоти орди бе витамин ба Тоҷикистон манъ шуд. Дар навбати аввал аз Қазоқистон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда»-ро тасдиқ намуд. Дар ҷаласаи навбатии парлумон зикр шуд, ки қонуни  мазкур бо мақсади пешгирии бемориҳои камхунии норасоии оҳан, синк, витаминҳои гурӯҳи “В”, йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ сабаби фавти бармаҳали модарону кӯдакон гардидаанд ва ба маъюбӣ, аз ҷумла кретинизм […]

Радиои Озодӣ

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда»-ро тасдиқ намуд.

Дар ҷаласаи навбатии парлумон зикр шуд, ки қонуни  мазкур бо мақсади пешгирии бемориҳои камхунии норасоии оҳан, синк, витаминҳои гурӯҳи “В”, йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ сабаби фавти бармаҳали модарону кӯдакон гардидаанд ва ба маъюбӣ, аз ҷумла кретинизм оварда мерасонанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Гуфта мешавад, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» аз 7 боб ва 36 модда иборат буда муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда танзим намуда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ намудани норасоиҳои микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба онро муайян менамояд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, парлумон истеҳсол ва воридоти орди, ба гуфтаи вакилон, бе витаминро манъ кард. Дар Маҷлиси намояндагон гуфтанд, орде, ки дар ҳудуди Қазоқистон манъ аст, феълан дар бозорҳои Тоҷикистон бо нархи гарон ба фурӯш гузошта шудааст.

Тоҷикистон гандуму ордро асосан аз Қазоқистон ворид мекунад. Соли 2018 ба Тоҷикистон, асосан аз Қазоқистон ҳудуди 1 миллион тонна гандум овардаанд. Дар худи Тоҷикистон соли гузашта 760 ҳазор тонна гандум тавлид шудааст. Ба ҳисоби мутахассисон, дар сурати хуб омадани ҳосил, таносуби воридоти гандум аз Қазоқистон 70 ба 30 дарсадро ташкил медиҳад, ки сӣ дарсадаш дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад.

Барои пешгирӣ аз воридоти орди пастсифат, вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн қонун "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда"-ро қабул карданд. Бар асоси ин санад, минбаъд истеҳсолу воридот ва ба савдо гузоштани орду чанд маҳсулоти дигар, ки бо витамин ва маводи барои саломатӣ зарур таъмин нестанд, манъ хоҳад шуд.

Шариф Раҳимзода, яке аз вакилоне буд, ки рӯзи ҷумъа ба ҷиддӣ будани ин вазъият таъкид кард. Ӯ гуфт: "Бубинед, имрӯз ҳамон орде, ки мо аз Қазоқистон мехарем, дар ин кишвар фурӯхтанаш мумкин нест, зеро бо фармони президенти Қазоқистон дар дохили ин кишвар фақат орди ғанигардонидашуда бояд фурӯхта шавад”.

Раҳимзода таъкид намуд, ки ғанигардонии маҳсулоти хурокворӣ ба саломатии ҷомеа, сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди иқтисоди кишвар хеле муҳим аст. Раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи порлумон зоҳиран ба хотири фаҳмотар шудани нигарониҳояш аз ин вазъият худро мисол овард ва гуфт:

“Сиҳҳатии ҷомеа вобаста аст ба ҳамон витамину микроэлементҳое, ки ба организми инсон бисёр зарур аст. Агар шумо диққат диҳед, имрӯз дар кӯча аксари ҷавонон қадашон аз қади ман паст аст, ҳол он ки қади ман дар гурӯҳе, ки мехондам, дар донишгоҳи ин ҷо ва донишгоҳи хориҷӣ аз охир сеюм ё чорум буд. Ин ҷо сабаб махсус нарасидани ҳамон микроэлементҳову ғизоҳои зарурӣ аст”.

Гулбаҳор Ашӯрзода, вакили дигари Маҷлиси намояндагон дар шарҳи масъалаи камбуди воридоти орди ғанишуда гуфт, то ҳол дар Тоҷикистон қонуни махсуси маҳсулоти ғанигардонидашуда вуҷуд надошт ва бо қабули ин қонун, минбаъд истеҳсолу воридоти маҳсулотӣ орӣ аз талаботи қонун манъ мегардад. Ба феҳристи маҳсулоте, ки тибқи ин қонун бояд ғанӣ гардонида шаванд, дар баробари орд, маводи дигаре ба монанди маҳсулоти қаннодӣ, шир ва маҳсулоти ширии туршмазза, аз ҷумла шарбат ва намаки ош дохил мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.