Афзоиши шумори оилаи занбӯри асал дар Тоҷикистон

Шумори оилаи занбӯри асал дар Тоҷикистон аз 220 ҳазор дар соли гузашта имсол ба 228 ҳазор адад расонида шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон асали хушсифат истеҳсол шуда, айни замон он ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Амороти Муттаҳидаи Араб содирот мешавад. “Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор навъи растаниҳои гулдор парвариш […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шумори оилаи занбӯри асал дар Тоҷикистон аз 220 ҳазор дар соли гузашта имсол ба 228 ҳазор адад расонида шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон асали хушсифат истеҳсол шуда, айни замон он ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Амороти Муттаҳидаи Араб содирот мешавад.

“Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор навъи растаниҳои гулдор парвариш меёбанд, ки аксарияташон барои истеҳсоли асасл мувофиқ меоянд. Майдони заминҳои кишоварзӣ ва ҷангал 4,4 млн. гектарро ташкил дода, захираи асали онҳо ба 132 ҳазор тонна баробар аст, ки имкон медиҳад шумори оилаи занбӯри асал то ба 500 ҳазор адад расонида шавад, лекин сатҳи истифода ҳозираи захираҳои асал ҳатто ба нисфи имконоти мавҷуда намерасад”, – мегӯянд дар Вазорати кишоварзӣ.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, тақрибан 200 ҳазор адад оилаи занбӯри асал ба аҳолӣ ва боқимонда – ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ тааллуқ доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли 2018 дар Тоҷикистон зиёда аз 4,1 ҳазор тонна асал истеҳсол шудааст, ки аз нишондиҳандаи соли пешин каме зиёдтар мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.