Хуҷанд: ноболиғон дар як моҳ се дафъа хонаи як занро ғорат карданд

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиҳо се нафар ноболиғонро боздошт намуданд. Онҳо дар як моҳ се дафъа хонаи як зани 37-соларо ғорат кардаанд. Боздоштшудагон дар давраи аз аввали моҳи май то июн се маротиба хонаи занро ғорат намуда, ба сурати умум аз хонаи ин зан ба маблағи умумии […]

Asia-Plus

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиҳо се нафар ноболиғонро боздошт намуданд. Онҳо дар як моҳ се дафъа хонаи як зани 37-соларо ғорат кардаанд.

Боздоштшудагон дар давраи аз аввали моҳи май то июн се маротиба хонаи занро ғорат намуда, ба сурати умум аз хонаи ин зан ба маблағи умумии 47 ҳазор сомонӣ воситаҳои пулӣ, маснӯоти заргарӣ ва воситаҳои алоқаи мобилиро дуздидаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оӯоз гардида, даст доштани онҳо ба дигар ҳодисаҳои дуздӣ дар шаҳр санҷида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.