Владимир Путин ба Душанбе ташриф меорад

Президенти Русия Владимир Путин санаи 15 июн дар кори Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Душанбе иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати иштирок дар кори нишасти Душанбе сарони 12 давлат – Чин, Русия, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин санаи 15 июн дар кори Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Душанбе иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати иштирок дар кори нишасти Душанбе сарони 12 давлат – Чин, Русия, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Бангладеш ва Шри-Ланка ба Душанбе ташиф меоранд.

Боз 15 кишвари узви МҲТБО-ро сарвазирону муовинони онҳо ва вазирони корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунанд.

Аз кишвари ҳамсояи Афғонистон нахуствазири ин кишвар Абдулло Абдулло дар ин нишаст ширкат хоҳад варзид.

То ҳол дар Душанбе ба ин шумор меҳмонони воломақом ҷамъ наомада буданд.

Зимнан зикр шуд, ки ба ҷуз иштирок дар кори нишаст, дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи сарони ҳайатҳо ба нақша гирифта шудааст.

Чорабиниҳои асосии нишаст дар маҷмааи “Кохи Наврӯз” баргузор мешаванд. Имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистон ҳамаҷониба ба қабули меҳмонон омодагӣ мегирад. Душанберо ҳазорон гулгаштҳо оро дода, кӯчаҳо чароғон ва зебу зинат дода мешаванд.

Омодагии Душанберо ба баргузории нишаст шахсан раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ зери назорат дорад.

Қобили зикр аст, ки дар рӯзҳои баргузории нишаст – 14-15 июн ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар чанде аз роҳҳои марказии Душанбе маҳдуд мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.