Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар Душанбе давоми 4 рӯз

Asia-Plus

Давоми рӯзҳои аз 13 то 16 июн ҳайатҳои воломақоми 27 кишвари дунё ба Душанбе ташриф меоранд, ки миёни онҳо 12 нафар сарони кишварҳо ҳузур хоҳанд дошт.

Вазорати корҳои дохилӣ бинобар сабаби баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ – Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки як муддат боиси маҳдуд гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе мегардад, аз сокинону меҳмонони пойтахт маъзарат мехоҳад.

Дар эълони Вазорат дар ин робита қайд мешавад, ки рӯзҳои 13-16-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баъзе маҳдудиятҳо барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт вобаста ба баргузории чорабиниҳои шаҳрдорӣ амалӣ карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаву хиёбонҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Теҳрон, Шероз, М.Турсунзода, У.Хайём, Ҳувайдуллоев, Ганҷавӣ, Карамов ва М.С.Алии Ҳамадонӣ, роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Лахш, ба роҳ монда мешавад.

Зимнан аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо тавассути кӯчаҳои Зебуниссо, Дӯстии Халқҳо, Н.Муҳаммад, Лоҳутӣ, Адҳамов, Ғ.Валаматзода, М.Назаршоев, Бухоро, Бохтар, Академик Раҷабовҳо, Ҳ.Шерозӣ ва дигар роҳҳои таворавӣ (объезд) ҳаракат намоянд.

Ёдрас мекунем, ки ҷиҳати иштирок дар кори нишасти Душанбе сарони 12 давлат – Чин, Русия, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Бангладеш ва Шри-Ланка ба Душанбе ташиф меоранд. Боз 15 кишвари узви МҲТБО-ро сарвазирону муовинони онҳо ва вазирони корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунанд. Аз кишвари ҳамсояи Афғонистон нахуствазири ин кишвар Абдулло Абдулло дар ин нишаст ширкат хоҳад варзид.

Ба ҷуз иштирок дар кори нишаст, дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи сарони ҳайатҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...