Тасдиқи ивази 6 судяи Судҳои олӣ ва конститутсионӣ дар Маҷлиси миллӣ

Дар Иҷлосияи нуздаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пагоҳ, санаи 12 июн доир мегардад, 26 қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқшуда баррасӣ мешавад. Ғайр аз ин, ба вакилони палатаи болоии парлумон барои тасдиқ фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ивази 6 судяи Судҳои олӣ, конститутсионӣ ва иқтисодӣ пешниҳод мешаванд, хабар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Иҷлосияи нуздаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пагоҳ, санаи 12 июн доир мегардад, 26 қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқшуда баррасӣ мешавад.

Ғайр аз ин, ба вакилони палатаи болоии парлумон барои тасдиқ фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ивази 6 судяи Судҳои олӣ, конститутсионӣ ва иқтисодӣ пешниҳод мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Қонуни муҳиме, ки мавриди баррасии аъзои Маҷлиси миллӣ қарор мегирад, қонун “Дар бораи ҳолати ҷангӣ” аст, ки охири моҳи майи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон аз он ҷонибдорӣ намуда буданд.

Он замон зимни суханронӣ назди вакилон муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода қайд карда буд, ки қонуни мазкур бо мақсади муҳайё сохтани заминаи ҳуқуқӣ барои роҳандозии чорабиниҳо оид ба ҳифзи Тоҷикистон дар замони ҷанг, пешгирӣ ва рафъи таҷовуз ё таҳдиди таҷовуз зидди ҷумҳурӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар таҳия шудааст.

Қонун ҳудуди макони амалҳои ҷангӣ, ваколатҳои раҳбарияти кишвар ва мақомоти давлатиро ҳангоми ҳолати ҷангӣ муайян мекунад. Он ба маҳдуд кардани ташкили чорабиниҳои таблиғотӣ ва дигар амалҳое, ки ба таъмини амният ва мудофиаи кишвар замони ҳолати ҷангӣ таъсири манфӣ расонида метавонанд, имкон медиҳад.

Дар вақти ҳолати ҷангӣ хариду фурӯши аслиҳа, дорувории дорои маводи психотропӣ, ҳамчунин нӯшокиҳои спиртӣ манъ мешавад. Ба мақомоти ваколатдор ҷиҳати назорати алоқа, нашрияҳои чопӣ, роҳандозии сензура дар воситаҳои ахбори умум салоҳият дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.