Манбаъ: Ҳамаи ҳабсшудагон дар Маскав ба гумони куштори Чуев зодагони ноҳияи Мастчоҳанд

Ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия то моҳи август ба ҳабс гирифта шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, замони даст задан ба ҷиноят ҳамаи онҳо машруботи зиёд истеъмол карда, хеле сархуш будаанд. Бино ба […]

Ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия то моҳи август ба ҳабс гирифта шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, замони даст задан ба ҷиноят ҳамаи онҳо машруботи зиёд истеъмол карда, хеле сархуш будаанд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, санаи 10 июн дипломатҳои тоҷики муқими шаҳри Маскав бо боздоштшудагон вохӯрда, онҳо ба гуноҳашон иқрор шудаанд.

“Васоити хабори умуми Русия дар бораи боздошти 6 нафар хабар медиҳанд, лекин аз рӯи ин далел бо қарори суди Маскав ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки синнашон аз 23 то 29-соларо ташкил медиҳад, то 8 август ба ҳабс гирифта шудаанд. Ҳамаи онҳо зодагони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мебошанд”, – таъкид дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ояндаи наздик сафорати Тоҷикистон аз рӯи ин далел иттилоияи расмӣ нашр мекунад.

Бино ба маълумоти ТАСС, бо қарори суд Рустам Аминов, Меҳроҷ Аловадинзода, Фаридун Сафаров, Неъматҷон Бобоев, Мирзошавкат Туфалангов ва Фирӯз Сафаров ба муҳлати наздики ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор хоҳанд дошт.

Тавре «Вести» хабар медиҳад, танҳо дар як парки Южное Бутово боздоштшудагон 40 дона шиша оби ҷав (пиво) истеъмол кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.