Баррасии сохтори лоиҳаи нашри коғазҳои қиматноки давлатии Тоҷикистон дар Душанбе

Дар дафтари кории Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ рӯзи 10 июн ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории доимо амалкунанда оид ба рушди бозори сармоя дар Тоҷикистон доир гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ташкил шуд. Зимни ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ сохтори лоиҳаи санади меъёриро бобати ба муомилот баровардани коғазҳои […]

Дар дафтари кории Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ рӯзи 10 июн ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории доимо амалкунанда оид ба рушди бозори сармоя дар Тоҷикистон доир гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ташкил шуд.

Зимни ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ сохтори лоиҳаи санади меъёриро бобати ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки Тоҷикистон, ки дар таҳияи он БАТР кумаки техникӣ мекунад, баррасӣ намуданд.

Дар назар аст, ки лоиҳаи санади нави меъёрӣ то охири соли 2019 ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад.

Гурӯҳи корӣ моҳи марти соли 2019 таъсис ёфта, рушди бозори сармоя дар Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи заминаи дахлдори ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифтанокиву огаҳӣ, такмили зербинои бозор ва ҳалли масоили тадорукотӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба он аз ҷумлаи вазифаҳои асосии Гурӯҳ маҳсуб меёбанд.

Натиҷаи кори Гурӯҳи мазкур ташаккули бозори дохилӣ ва рушди бозори сармоя дар ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Пешбинӣ мешавад, ки ин бозор сарчашмаи боэътимоди маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон шуда, ба суботи молиявии он ва афзоиши устувор тавассути истифодаи бештар густардаи асъори миллӣ мусоидат менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.