Осоишгоҳи “Баҳористон” ба наздикӣ рақиб пайдо мекунад

Дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ идома дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, маҷмаа бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат дар мавзеъи хеле хушбоду ҳавои соҳили “Баҳри Тоҷик” қомат афрохта, аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат мебошад. “Чуноне зимни шиносоии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, маҷмаа бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат дар мавзеъи хеле хушбоду ҳавои соҳили “Баҳри Тоҷик” қомат афрохта, аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

“Чуноне зимни шиносоии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди маҷмаа барои фароғати истироҳаткунандагон ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Айни замон беш аз 300 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони ошёнаи панҷум корҳо идома дорад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, раиси вилоят бунёди маҷмааи наву замонавиро ҷиҳати ҷалби бештари гардишгарон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ба масъулини соҳаи сохтмон дастур дод, ки барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншоот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар соҳили обанбори Қайроққум дар шаҳри Гулистон айни замон якчанд минтақаҳои истироҳату сайёҳӣ амал мекунанд, ки бештар маъруфашон осоишгоҳи “Баҳористон” шуморида мешавад.

Осоишгоҳи “Баҳористон” бо супориши президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикитсон сохта шуд. Феълан натанҳо барои тоҷикистониён, балки шаҳрвандони хориҷӣ низ макони писандидаи истироҳату табобат аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.