Раҳматулло Ҳошим: Падарамон меҳрубон ва сахтгир буд…

Манзумаи Фирӯз, “Азия-Плюс”

 “Одина Ҳошим падари хеле меҳрубону ғамхор буд, аммо дар баробари меҳрубон будан хеле сахтгир низ буд”, – мегӯяд Раҳматулло Ҳошим, писари сарояндаи зиндаёд.

Имрӯз агар умр вафо мекард, Одина Ҳошим 82-юмин зодрӯзи худро ҷашн мегирифт. Вале мутаассифона, хеле бармаҳал, дар синни 56-солагӣ дунёро падруд гуфт.

То ин дам Одина Ҳошим тӯли 30 сол рӯи саҳна буд ва дар ин муддат зиёда аз 500 тарона иҷро кардааст. Одина Ҳошим яке аз бузургтарин сарояндагони сабки роғӣ ва фалак дар  асри бистум маҳсуб меёбад.  Ва аз нахустин афроде буд, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фарҳангу ҳунари тоҷикро дар Эрон муаррифӣ кард.

Раҳматулло Ҳошим, писари Одина Ҳошим, ки имрӯз касби падарро интихоб кардааст, дар суҳбат қисса кард, ки ҳушу ёди падараш ҳамеша ба мусиқиву суруд банд буд ва дар зиндагӣ ба дигар кору ҳунар шавқу рағбате надошт.

Ӯ гуфт:

-Устод яке аз шахсоне буданд, ки 95%-и эҷодиёташ аз адабиёти классикӣ буд ва завқи бисёр баланди сароидани онҳоро дошт. Ҳамеша шеър бо мазмуни баландро интихоб мекард ва ба халқаш месуруданд, ки дар дили мардум то имрӯз ҷо гирифтаанд. Шодравон падарамон зиёда аз 20 қиссаҳо аз Саноӣ, Атову Ҷомӣ медонист ва ҳар қиссае аз 200 то 600 мисраъро дар бар мегирфтанд, ки онҳоро замзама мекард. Имрӯз ба шогирдон ва халқи худ мактаби бойу рангин ба мерос гузоштааст.

Ин марди ҳунар бо санъати нотакрори худ сафарҳои хизматии хеле зиёд дошта, аз тамоми давлатҳои Шарқу Аврупо боздид намудааст.

Писараш мегӯяд, Одина Ҳошим дар дил орзуҳои зиёдеро мепарварид, аммо умр вафо накард ва дар синни хеле ҷавон аз дунё гузшт. Сабаби падруд гуфтани ин дунёро Раҳматулло Ҳошим дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ медонад. Мавсуф бо таассуф илова мекунад:

– Падарамон ҷанги шаҳрвандиро натавонист таҳаммул кунад ва барои халқу миллати худ рӯҳану ҷисман месӯхт. Ҳамин буд, ки дар 1993, вақте дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ буд, қалби ӯ аз таппидан бозмонд.      

Одина Ҳошим аз худ се писар ва чор духтар мерос гузошта, имрӯз соҳиби набераву кабера мебошад. Писарони шодравон  пайроҳаи падарро интихоб карда, ба роҳи санъат рафтаанд. Ҳамчунин набераи ӯ Фирдавс Ҳошим низ роҳи санъатро интихоб карда, сарояндаи хуб низ ҳаст.  

Ба таъкиди фарзанди Одина Ҳошим, падарашон хеле меҳрубону сахтгир буданд. Вале мегӯяд:  

– Ҳеҷ гоҳ таъкид намекард, ки ин ё он касбро интихоб кунем. Интихоби касб озод буд дар хонаводаи мо ва падар худ низ медонист, ки маҷбуран ҳеҷ гоҳ бо касби интихобнамуда намешавад кори хубе кард. Дар бораи он, ки нафаре аз мо бояд санъаткор шавад, ҳатто ҳарфе намезад. Вале имрӯз мо писарон роҳи падар интихоб намудему, мутаассифона духтарон интихоби дигар касб намуданд. Бубинед дар хонае, ки рӯзу шаб мусиқиву суруд суруда мешуд, кӯдак ҳам ба ҳамон одат мекунад ва ба он шомил мешавад, шояд аз ҳамин сабаб мо низ сароянда шудем.  

То имрӯз эҷодиёти Одина Ҳошимро мардум гӯш мекунанд ва аз он лаззат мебаранд. Бояд гуфт, ки дар ноҳияи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, зодгоҳи устод  Филармонияи халқӣ ба номи Одина Ҳошим гузошта шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.