Ёдгор Файзов: 50%-и аҳолии Хоруғ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд

Дар мусоҳибаи махсус ба “Азия-Плюс” раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар бораи мушкилоти рӯзмарраи вилоят ва сабаби беҳудагии дурӯғгӯӣ ба мардум изҳори назар кард. – Бигӯед, кадом мушкилот дар вилоят ҳалли таъҷилиро металабад? – Ҳар рӯзи шанбе ман аҳолиро ба ҳузур пазируфта, аз мушкилашон огоҳ мешавам. Мушкилоти рақами як бекорӣ ва камбизоатист. Мо […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар мусоҳибаи махсус ба “Азия-Плюс” раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар бораи мушкилоти рӯзмарраи вилоят ва сабаби беҳудагии дурӯғгӯӣ ба мардум изҳори назар кард.

– Бигӯед, кадом мушкилот дар вилоят ҳалли таъҷилиро металабад?

– Ҳар рӯзи шанбе ман аҳолиро ба ҳузур пазируфта, аз мушкилашон огоҳ мешавам. Мушкилоти рақами як бекорӣ ва камбизоатист. Мо 5 ҳазор нафар аҳолии бекор дорем. Ин маълумоти расмӣ аст. Ғайрирасмиаш – 17 ҳазор нафар.

Аксари аҳолӣ дар Хоруғ ва ҳамчунин мардуме, ки дар ноҳияҳо ба сар мебаранд, ба пул эҳтиёҷманданд. Яке барои табаобату дигарӣ барои таҳсил ва…. пул мепурсад.

Дар масъалаи таъмин бо манзилу сохтмон ва беҳбуди иншооти зербино, мактабҳо низ мушкил вуҷуд дорад. Ҳатто дар норасоии об ҳам мушкил дорем – 50%-и аҳолии шаҳри Хоруғ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд.

Кӯшиш дорем, ки тадриҷан ҳамаи ин мушкилотро ҳал кунем. Дар мавриди мактабҳо, 50 мактаби таҳсилоти умумӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Президети ҷумҳурӣ чанде қабл дар бораи таъмиру навсозии ин мактабҳо санад ба имзо расонид. Ҳамчунин айни замон корҳои таъмиру навсозии ду қитъаи роҳ: Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин ва Йогед – Дарвоз оғоз гардид.

… Кӯшиш мекунам, ки ҳамеша назди мардум поквиҷдон бошам. Намегӯям, ки 100% буда метавонам, ин ба касе муяссар намегардад, лекин самимона талош мекунам, ки чунин бошам. Чаро ин муҳим аст? Чунки мардум дар симои кормандони мақомоти маҳалии ҳокимият бекорхӯҷаҳо ва дуздонро медид. Вале вақте ман бо ин мансабдорон аз наздик шинос шудам, маълум шуд, ки 90%-и онҳо одамони поквиҷдони софдиланду омодаанд шабу рӯз кор кунанд, лекин робитаашон бо мардум дар ҷое канда шудааст.

Пиёда ба кор меравам, қатори ҳама ба корҳои ҷамъиятӣ мебароям, ҳафтае пеш дар бозори Хоруғ будам. Бозор дар ҳоли хеле харобу ифлос қарор дошт. Ҳамроҳи мардум ба тозакунии наҳрҳову ба корҳо батартибоварӣ пардохтем. Мардум дӯст медоранд, и кормандони ҳокимияти маҳаллӣ бо онҳо гуфтугӯ дошта бошанд, вале боз такрор мекунам, ки муҳимаш ҳақиқатро ба мардум гуфтан аст.

Бадахшон на он қадр бузург аст ва агар ту ягон кореро поквичдонона иҷро накунӣ, мардум дарҳол аз он огоҳ мешаванд.

Шакли пурраи мусоҳибаро метавонед дар шумораи нави газетаи «Asia-Plus», ки аллакай дар фурӯш аст, дарёфт намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.