Пулкоркунии нанговари ҷавонон аз ҳисоби пиронсоливу дармондагии мӯйсафеди маъюб

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ се нафар сокинони ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки бо истифода аз дармондагии мӯйсафеде ба талабндагӣ машғул буданд. Онҳо бо муйсафед гапзанону ӯро розӣ кардаанд, ки ба талбандагӣ машғул шавад ва пулҳои ба ин васила бадастовардаро ба сифати хайру эҳсон азхуд мекардаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Сокинони ҷамоати […]

Asia-Plus

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ се нафар сокинони ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки бо истифода аз дармондагии мӯйсафеде ба талабндагӣ машғул буданд.

Онҳо бо муйсафед гапзанону ӯро розӣ кардаанд, ки ба талбандагӣ машғул шавад ва пулҳои ба ин васила бадастовардаро ба сифати хайру эҳсон азхуд мекардаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Сокинони ҷамоати Зайналободи деҳаи Кишоварзи ноҳияи Рӯдакӣ Азимҷон Бемирзоеви 27-сола, Зариф Тӯрақулови 24-сола ва Файзиддин Барноеви 29-сола ҳар рӯз ҳамдеҳаи нотавони худро ба Душанбе бурда, ӯро дар аробачаи маъюбӣ мешинонидаанд ва дар роҳҳо ба талбандагиву гадоӣ машғул мешудаанд.

“Ин се нафар ба ҷуз аз ин дигар шуғли муайяне надошта, бо ҷисму бозӯи тануманд ва солими худ танҳо ба талбандагӣ машғул мешудаанд. Ҳар рӯз бо ин роҳ маблағи муайяне ҷамъоварӣ намуда, байни худ тақсим мекардаанд”, – омадааст дар маълумоти Вазорат.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон чораҷӯӣ шуда, бо қарори суд Бемирзоев ва Тӯрақулов ба 5 рӯз ва Барноев 3 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.