Фаъолияти бозори “Корвон” муддати ду рӯз қатъ мешавад

Бо қарори мақомоти шаҳрдории Душанбе, фаъолияти бозори “Корвон”-и пойтахт рӯзҳои 14 ва 15 июн қатъ карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе. Ин қарор ба хотири таъмини амният ва мушкилоти имконпазири душвор шудани истифода аз нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар дар рӯзҳои баргузории панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ […]

Аваз Юлдшев, Asia-Plus

Бо қарори мақомоти шаҳрдории Душанбе, фаъолияти бозори “Корвон”-и пойтахт рӯзҳои 14 ва 15 июн қатъ карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Ин қарор ба хотири таъмини амният ва мушкилоти имконпазири душвор шудани истифода аз нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар дар рӯзҳои баргузории панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар пойтахти Тоҷикистон қабул шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, боқимонда бозор ва марказҳои савдои шаҳри Душанбе дар рӯзҳои баргузории саммит бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз моликони чандин нуқтаи фурӯш дар бозори “Корвон”, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки имрӯз дар бозор ба онҳо эълон кардаанд, ки аллакай нимаи дуюми ҳамин рӯз савдоро қатъ кунанд.

“Аз қатъи савдо мо зарар мебинем, маҳсулот нофурӯхта боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ду рӯз кор накардан, мо пурра маблағи иҷора ва андозҳоро пардохт мекунем”, – изҳор намуд тоҷири бозори “Корвон”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.