Баъди ошӯб дар зиндони Ваҳдат чанде аз кормандони масъул аз мансаб барканор шуданд

Пас аз ошӯб дар зиндони Ваҳдат нахуст прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи маркази Прокуратураи генералии Тоҷикистон Мирзо Аминзода аз мансаб сабукдӯш шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъи огаҳ аз қазия дар сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Мирзо Аминзода аз моҳи майи соли 2015 ин вазифаро […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Пас аз ошӯб дар зиндони Ваҳдат нахуст прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи маркази Прокуратураи генералии Тоҷикистон Мирзо Аминзода аз мансаб сабукдӯш шуд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъи огаҳ аз қазия дар сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Мирзо Аминзода аз моҳи майи соли 2015 ин вазифаро ишғол намуда, ба ҷойи ӯ Рустам Азиззода ба ин мансаб таъин шудааст.

Ғайр аз ин, пас аз ошӯб дар зиндони Ваҳдат ҳамчунин чанде аз кормандони муассисаи ислоҳии мазкур низ аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Айни замон дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат гурӯҳи махсуси тафтишотии муфаттишони Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба таҳқиқи масъала машғул буда, ба ҳайати гурӯҳ ҳамчунин муфаттишони ВКД ва КДАМ Тоҷикистон низ шомиланд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ба парванди ҷиноятӣ аз рӯи далели ошӯб дар зиндони Ваҳдат муҳри махфӣ гузошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки баъди саркӯбу хомӯш кардани ошӯб, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати маҳкумшудагонеро, ки дар бетартибиҳои шаби 19 ба 20 майи соли 2019 дар муассисаи 3/2 СРИҶ безарар гардонида шуда ва фавтидаанд, нашр кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.