Дар Бишкек имрӯз нишасти СҲШ ба кор шурӯъ мекунад

Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек нишасти дурӯзаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад. Дар нишаст баррасии ҳудуди 20 масъала, аз ҷумла таъсиси Бонки СҲШ ва тадбирҳо дар самти муқовимат ба таҳдиду чолишҳоии муосир дар назар аст. Дар кори нишасти Бишкек роҳбарони 11 кишвар иштирок мекунанд: сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, […]

Asia-Plus

Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек нишасти дурӯзаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад.

Дар нишаст баррасии ҳудуди 20 масъала, аз ҷумла таъсиси Бонки СҲШ ва тадбирҳо дар самти муқовимат ба таҳдиду чолишҳоии муосир дар назар аст.

Дар кори нишасти Бишкек роҳбарони 11 кишвар иштирок мекунанд: сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон ба сифати иштирокчиён ва сарони боз чор кишвари дигар – Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ба ҳайси кишварҳои нозири Созмон.

Дар рӯзҳои баргузории нишаст ҳамчунин сафари давлатии раиси Чин Си Ҷинпин ба Қирғизистон ва ҳамчунин сафарҳои расмии нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ва президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулги доир мегардад, иттилоъ медиҳад ТАСС.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, кори нишастро беш аз 500 кормандони ВАО, аз ҷумла 434 нафар рӯзноманигорони хориҷӣ аз 115 нашрия ва шабакаҳои телевизионии Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларус, Эрон, Муғулистон ва Япония инъикос мекунанд.

Тибқи маълуомти дафтари матбуот, дар доираи нишасти СҲШ дар Бишкек бо иштироки намояндагони фарҳанги кишварҳои узви Созмон таҳти унвони “Корвони дӯстӣ” консерти пуршукӯҳ доир мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.