Боздошти мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритӯс барои кӯшиши фурӯши замин

Мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритӯс Умед Ғаффоров барои кӯшиши фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин боздошт шудааст, ҳарчанд ба ин соҳа ҳеҷ муносибате надошта бошад ҳам. Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон, Умед Ғаффоров ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд бо далели шайъӣ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, барои мусоидат ва кумак ба […]

Asia-Plus

Мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритӯс Умед Ғаффоров барои кӯшиши фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин боздошт шудааст, ҳарчанд ба ин соҳа ҳеҷ муносибате надошта бошад ҳам.

Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон, Умед Ғаффоров ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, барои мусоидат ва кумак ба гирифтани 0,12 гектар қитъаи замин ӯ аз сокини маҳаллӣ ба сифати пора 5 ҳазор доллар ва 8 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, пас аз тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди ноҳияи Шаҳритӯус ирсол шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи октяри соли 2017 дар ин робита изҳор намуда буд, ки тӯли 20 соли охир қариб 2,5 ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзии ноҳия аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат зикр карда буд, ки аз ҷониби ситоди Прокуратураи генералӣ оид ба 960 ҳолати хариду фурӯши замин ба маблағи 45 миллион сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, умуман, дар ду солу нуҳ моҳи охир нисбат ба 608 нафар бо зиёда аз 1500 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.

«Заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфта, бадтар аз ҳама, заминҳои ҳосилхези таъиноти кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ фурӯхта мешаванд, ки дар натиҷа тайи се соли охир 58 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрдааст, зеро заминҳои онҳо пурра фурӯхта шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ безамин мондаанд», – таъкид дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.