Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе санаи 14 июн рӯзи истироҳат эълон шуд

“Ба туфайли” нишасти навбатии панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки рӯзҳои 14-15 июн дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни макотиби олии пойтахт шурӯъ аз пагоҳ се рӯз пайдарпай истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалии Азизӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

“Ба туфайли” нишасти навбатии панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки рӯзҳои 14-15 июн дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни макотиби олии пойтахт шурӯъ аз пагоҳ се рӯз пайдарпай истироҳат мекунанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалии Азизӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин қарор бо он сабаб қабул шудааст, ки дар рӯзҳои баргузории нишаст равуо ва ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанбе душвор мешавад.

“Бо қарори вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ба ҷуз дарсҳо дар мактабу литсей ва мактабҳои олии пойтахт, ҳамчунин машғулиятҳои иловагӣ ва имтиҳонҳои дар рӯзи шанбе ва якшанбе таъиншуда низ бекор шуданд”, – қайд кард Азизӣ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳор намуд, ки ҳамаи кӯдакистонҳои пойтахт дар рӯзҳои баргузории нишаст “уҳдадоранд, ки бо реҷаи муқаррарӣ кор кунанд, зеро волидони кӯдакон аз кор озод карда нашудаанд”.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи “Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон барои соли хониши 2018-2019”, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 сентябр то 14 июн (барои синфи 1-ум – то 7 июн) таҳсил мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.