Чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ имсол дар Рашт баргузор мешаванд

Чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 22-юмин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ имсол дар ноҳияи Рашт баргузор мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон. Чорабиниҳо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони ҳукумат, аъзои парлумон, ходимони илму фарҳанги кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон доир мегарданд. Санаи 27 июни соли 1997 дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 22-юмин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ имсол дар ноҳияи Рашт баргузор мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Чорабиниҳо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони ҳукумат, аъзои парлумон, ходимони илму фарҳанги кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон доир мегарданд.

Санаи 27 июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикитсон хотима бахшид.

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳри Душанбе сайругаштҳои оммавии сокинону меҳмонони Душанбе доир гардида, ярмаркаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мешаванд. Шоми ҳамин рӯз дар тамоми боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр бо иштироки устодони саъати ҷумҳурӣ консертҳо баргузор мешаванд.

Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон ва қонуни қабулшуда аз 22 майи соли 1998 ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз идҳои расман муқаррашуда дар Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, ин сана – 27 июн дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.