Табодули таҷрибаи кишоварзони тоҷику қирғиз дар самти ислоҳоти соҳа

Иттилоияи расмӣ

Чанде қабл, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) сафари омӯзиширо барои мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади шинос намудани иштирокчиён бо таҷриба ва сабақҳои омӯхташуда оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил намуд.

Давоми ин сафар иштирокчиён тавонистанд бобати масъалаи мазкур тавассути интиқоли дониш ва малака маълумот ҷамъ намуда, мубодилаи афкор намоянд. Чорабинии мазкур як қисмати лоиҳаи ФАО ба шумор рафта, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Сафари омӯзишии мазкур ҷиҳати пайдо намудани маълумоти муфассал ва дарёфт намудани фаҳмиши ҷуқури таҷрибаи чандинсолаи раванди ислоҳоти вазорат ва соҳаи кишоварзӣ дар кишвари ҳамсоя барои 12 нафар намояндагони Вазорати кишоварзӣ ва дигар муассисаҳои марбута мусоидат намуд.

Роҳбари ҳайат, Ҷамила Саидова, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, муваффақиятҳои назарраси соҳаи аграрии Қирғизистонро, ки дар рафти чорабиниҳо ва маъракаҳои намоишӣ, ки дар сатҳи баланд аз тарафи кишвари қабулкунанда баргузор карда шуданд, баланд баҳогузорӣ намуданд. Саидова инчунин таъкид кард, ки мушкилоти марбут ба раванди ислоҳоти соҳавӣ ба якдигар хеле монанд ҳастанд.

"Қирғизистон бо сабаби доштани таҷрибаи тоза дар ислоҳот ва модернизатсияи соҳаи кишоварзӣ ҳамчун макони сафари омӯзишии мазкур интихоб карда шуд", – гуфт корманди ФАО, Қуватбек Бапаев. – Сафарҳои омӯзишӣ механизми беҳтарини мубодилаи дониш ва малака миёни кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва интиқоли таҷрибаҳои санҷидашуда барои манфиати дигарон мебошанд,” илова намуд Бапаев. Мо умедворем, ки ин таҷриба раванди ислоҳоти ҷориро, ки дар бахши кишоварзии Тоҷикистон татбиқ мешавад, суръат мебахшад.”

Намояндагони Тоҷикистон ба қарорҳои қабулшуда, чораҳои андешидашуда ва тадбирҳои алоқаманд ба бахши кишоварзӣ дар Қирғизистон аҳамияти ҷиддӣ доданд.

Дар рафти ташриф ҳайат бо як қатор намояндагони ҷонибҳои калидии ҳавасманд, аз ҷумла Вазорати кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва мелиоратсия, хадамоти давлатии амнияти озуқаворӣ ва фитосанитарӣ, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони чарогоҳҳои Қирғизистон ва дигарон мулоқот барпо намуданд.

Аъзоёни гурӯҳ, ҳамчунин ба лабораторияи ветеринарӣ ва нуқтаи назорати сарҳадӣ, чарогоҳҳо ва кооперативҳо дар вилояти Чуйи Қирғизистон ташриф оварданд.

Инчунин вохӯриҳо бо роҳбарони раёсатҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳо, ки дар таъмини хизматрасонии кишоварзӣ, махсусан дар соҳаи паҳнкунии иттилоот нақши калидӣ доранд, ташкил карда шуданд.

"Ба ман усули ҳамкорони қирғизӣ ҷиҳати тағйир додани сохтори ташкилии Вазорати кишоварзӣ ва идораҳои он, ҳалли масъалаҳои марбут ба моликияти хусусии замин ва рушди бозори замин писанд омад," – гуфт Фаррухиддин Набиев, сардори раёсатирастанипарварии Вазорати кишоварзӣ.

Ба мутахассисони тоҷик, инчунин, таҷрибаи пешрафти рушди чарогоҳҳо ва дастрасии хадамоти байторӣ писанд омад.

“Ман фикр мекунам, ки истифодаи усулҳои идоракунии самараноки чарогоҳҳоро дар кишвари мо истифода кардан имкон дорад,” гуфт Салим Салимов, сармутахассиси раёсати чорвопарварӣ Вазорати кишоварзӣ.

Ҳайати Тоҷикистонро намояндагони Дастгоҳи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни гурӯҳи кории техникии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчуниннамояндагони Котибот оид ба ислоҳоти кишоварзӣ дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуданд.

ФАО ва Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ ба Вазорати кишоварзӣ оид ба такмили иқтидор ва донишу малакаҳои мутахассисони вазорат ва идораҳои зертобеъи он барои банақшагирӣ ва таҳлили стратегӣ, барномарезӣ ва ҳамоҳангӣ бо донорҳо ва дигарҳо кӯмаки худро идома хоҳад дод. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...