Ширкатҳои ҳукмфармо дар бозори хизматрасонии контент-провайдерҳо муайян шуданд

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон се ширкатро ба рӯйхати субъектҳои хоҷагидоре шомил кард, ки дар бозори хизматрасонии контент-провайдерҳо мавқеи ҳукмфарморо ишғол мекунанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, Хадамот дар мавриди фаъолияти 3-субъектҳои хоҷагидор – контент-провайдерҳое, ки дар самти хизматрасонии мазкур дар соли 2018 фаъолият намуданд, вобаста ба ҳолати риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ […]

Asia-Plus

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон се ширкатро ба рӯйхати субъектҳои хоҷагидоре шомил кард, ки дар бозори хизматрасонии контент-провайдерҳо мавқеи ҳукмфарморо ишғол мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, Хадамот дар мавриди фаъолияти 3-субъектҳои хоҷагидор – контент-провайдерҳое, ки дар самти хизматрасонии мазкур дар соли 2018 фаъолият намуданд, вобаста ба ҳолати риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ санҷиши интихобии баргузор намуд.

Гуфта мешавад, дар рафти санҷиш, мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи операторони алоқаи мобилӣ муайян гардид, ки соли 2018 хизматрасонии контент-провайдерҳо зиёда аз 74%-аш ҶДММ «Юнифан», ҶДММ «Интернет ва технологияи мобилӣ», ҶДММ «Интерсолер-Т» ва боқимонда 25,5% ба дигар субъектҳои хоҷагидор тааллуқ дорад.

“Аз ин рӯ, дар асоси маълумотҳои расмии операторони мобилӣ барои ҷамъбасти соли 2018 аз рӯи хизматрасонии контент-провайдерӣ, ҶДММ «Юнифан», ҶДММ «Интернет ва технологияи мобилӣ» ва ҶДММ «Интерсолер-Т», ки дар маҷмӯъ ҳиссаи молии онҳо зиёда аз 74,3%-и бозори молии мазкурро ташкил медиҳад, ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошад, шомил карда шуда, минбаъд тарифҳои хизматрасонии онҳо дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешаванд”, – омадааст дар маълумоти Хадамот.

Қобили зикр аст, ки бар асоси моддаи 22 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи рақобат» Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар доираи ваколат, ҳуқуқ ва вазифаҳои худ нархи мол, маҳсулот (кору хизматрасонӣ)-и пулакии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва субъектҳои хоҷагидории ба доираи идоракунии онҳо дохилбуда, инчунин нарх (тариф)-ҳои хизматрасонии пулакии субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро дар бозори моли муайян доро мебошанд, ба мувофиқа мерасонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.