Маҳмадсаид Убайдуллоев: “Қазияи боздошти тоҷикистониён дар Маскав зери назорат аст”

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ далели боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Маскав ба гумони куштори варзишгари рус пайгирӣ ва дар сурати зарурат ҷиҳати тафтиши мунсифонаи ӯ мусоидат менамояд. Дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия бевосита ба […]

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ далели боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Маскав ба гумони куштори варзишгари рус пайгирӣ ва дар сурати зарурат ҷиҳати тафтиши мунсифонаи ӯ мусоидат менамояд.

Дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия бевосита ба ҳодисаи мазкур машғул буда, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ дар доираи салоҳиятҳои худ амали воқеъгардидаро пайгирӣ менамояд.

Тавре ёвари раиси Маҷлиси миллӣ Наврӯз Қурбонзода хабар дод, Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид доштааст, ки “дилхоҳ ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бе нақзи шарафу ҳуқуқҳои фитрии инсон баррасӣ карда шаванд”.

Ёдрас мекунем, ки ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия дар Маскав то моҳи август ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.