Русия ба муҳоҷирони кишварҳои узви ИИАО нафақа медиҳад

Русия ба муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) нафақа мепардозад. Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар иттиҳоди зери роҳбарии Русия аъзо ҳастанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти Русия гуфтаанд, муҳоҷирон ҳатто дар сурати ба кишварҳои худ баргаштан, низ нафақа дарёфт хоҳанд кард. Ин меъёр дар шартномаи таъмини нафақаи иттиҳод ворид […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Русия ба муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) нафақа мепардозад. Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар иттиҳоди зери роҳбарии Русия аъзо ҳастанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти Русия гуфтаанд, муҳоҷирон ҳатто дар сурати ба кишварҳои худ баргаштан, низ нафақа дарёфт хоҳанд кард.

Ин меъёр дар шартномаи таъмини нафақаи иттиҳод ворид шудааст, ки дар ҳоли таҳия гардидан аст. Пардохти нафақа аз соли 2020 шурӯъ ва ҳамасола афзоши меёбад.

Гуфта мешавад, меъёрҳое, ки дар ҳоли ҳозир амал мекунанд, пардохти нафақаро танҳо ба касоне пешбинӣ кардаанд, ки дар Русия зиндагии доимӣ доранд. Ба ин тартиб, муҳоҷироне, ки Русияро тарк мекунанд, нафақа намегиранд.

Ба иттилои вазорати меҳнати Русия, дар солҳои 2020-2021 фонди нафақа аз рӯи шартномаи нав 166 миллион рубли изофӣ пардохт хоҳад кард. Аммо бо гузашти ҳар сол ҳаҷми пардохтҳо бештар мешаванд.

Айни ҳол, бино бар қонунгузории Русия, корфармо аз ҳисоби маоши муҳоҷири меҳнатӣ ба фонди нафақа андоз мепардозад. Вале муҳоҷирон наметавонанд, даъвои нафақа кунанд. Фонди нафақаи Русия шарҳ надод, ки андозҳои муҳоҷирон ба кӣ пардохта мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.