Уҳдадории ҳукуматҳои ҳамаи шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ба доштани сомона дар интернет

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ” бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид. Мувофиқи тағйироту иловаҳои мазкур, мақомоти ҳокимияти давлатии ҳамаи шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба роҳандозӣ ва фаъолияти сомонаҳои худ дар шабакаи интернет уҳдадор мешаванд. Ғайр аз ин, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки […]

Аваз Юлдошев

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ” бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои мазкур, мақомоти ҳокимияти давлатии ҳамаи шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба роҳандозӣ ва фаъолияти сомонаҳои худ дар шабакаи интернет уҳдадор мешаванд.

Ғайр аз ин, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ минбаъд ҳуқуқ нахоҳанд дошт, ки идоракунии муассисаҳои давлатии коммуналиро ба ихтиёри шахсони хусусӣ супоранд.

Пешниҳоди чунин тағйироту иловаҳо ба қонуни зикршуда бо ташаббуси як гурӯҳи вакилон аз ҳарду палатаҳои парлумони Тоҷикистон сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки имрӯз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии чанде аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳамчунин ВМКБ дар шабакаи интернет сомонаҳои худро надоранд ё онҳо вуҷуд дошта бошанд ҳам, фаъол нестанду сарвақт навсозӣ намешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.