Аз пардохти андоз озод шудани сохтмони гелереяҳои муҳофизат аз тарма дар роҳи Душанбе – Чанок

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019”, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, ҷонибдорӣ намуд. Мувофиқи тағйироту иловаҳо, сохтмони се айвонча (галереяҳо)-и муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок бо масофаи умумии 374 метр, ки аз ҳисоби гранти ҷудокардаи Покистон дар ҳаҷми 5 […]

Аваз Юлдошев

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019”, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, ҷонибдорӣ намуд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, сохтмони се айвонча (галереяҳо)-и муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок бо масофаи умумии 374 метр, ки аз ҳисоби гранти ҷудокардаи Покистон дар ҳаҷми 5 млн. доллар сохта мешаванд, аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Вакил Саидҷаъфар Усмонзода изҳор дошт, ки ба таҷрибаи аз пардохти андозҳо озод кардан дар Тоҷикистон хотима бахшидан лозим аст. “Дар навбати аввал мо бояд фикри онро дошта бошем, ки чӣ гуна қисмати даромади буҷетро зиёдтар кунем”, – гуфт ӯ.

Лекин аксарияти вакилони мардумӣ аз ин даъвати ӯ ҷонибдорӣ накарда, лоиҳаи ҳукуматро дастгирӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки паймонкори кулли лоиҳаи сохтмони се галереяи муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ширкати China Road-и Чин интихоб шудааст, ки Вазорати нақлиёт аввали сол бо он созишномаи дахлдор ба имзо расонид.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар доираи лоиҳаи “Сохтмони айвончаҳои муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок” бунёди 55 адад айвончаҳои муҳофизат аз тарма бо масофаи умумии тақрибан 5665 метр пешбинӣ шудааст.

Барои иҷрои корҳои пешбинишуда дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур ба сурати умум 51,5 млн. доллар маблағ зарур аст. Алҳол танҳо Покистон 5 млн. доллар маблағ ҷудо кард.

Айни замон дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок 24 адад чунин галереяҳо сохта шудааст. Ин иншоот асосан аз ҷониби ширкати China Road соли 2013 ҳангоми таъмиру навсозии роҳ бунёд шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.