Бонки миллӣ боз як ташкилоти қарзиро барҳам медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 июн барҳамдиҳии ташкилоти қарзии хурди "Молия“ва сармоя” шурӯъ шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, фаъолияти ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя” тариқи барҳамдиҳии маҷбурӣ қатъ карда мешавад.

Гуфта мешавад, бар асоси қарори зикршуда иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки самтҳои дигари фаъолияти ташкилоти зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 10 майи соли ҷорӣ дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия ва андоз, гумрук ва соҳаи бонкӣ изҳор намуд, ки бар асари буҳрон дар низоми бонкӣ шумори ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон тайи чор соли охир қариб ду баробар кам шудааст.

“То оғози буҳрони бонкӣ, яъне соли 2014, дар кишвар 137 ташкилоти қарзӣ амал карда, соли 2018 шумори онҳо то 79 ташкилот кам шуд”, – таъкид дошт президент.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз ҳама бештар иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурд бозхонд шуда, шумори онҳо аз 125 адад дар соли 2012 то ба 62 адад дар соли 2018 кам шудааст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 78 ташкилоти қарзӣ: 17 бонк, 24 ташкилоти хурди амонатгузорӣ, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 31 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки 52 ташкилоти қарзӣ дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, ки 22-тоашон тариқи маҷбурӣ фаъолияташон қатъ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".