Дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ ва англисиро аз синфи як ба роҳ мемонанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи солҳои 2021-2030 таҳия намуд, ки дар он роҳандозии омӯзиши забони русӣ ва англисӣ аз синфи якум дар мактабҳо пешбинӣ шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорат.

Дар мактабҳои Тоҷикистон айни замон омӯзиши забони русӣ аз синфи дуюм ва анлисӣ – аз синфи сеюм оғоз мегардад.

Дар Стратегия ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки дар басти воҳидҳои корӣ (штат)-и ҳамаи муассисаҳои таълимӣ вазифаи равоншинос (психолог) таъин карда шавад.

Аввали соли равон Раёсати маорифи шаҳри Душанбе эълон кард, ки барои мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ равоншиносони касбӣ меҷӯяд. Ба онҳо дар ҳаҷми 800-900 сомонӣ маош муқаррар шудааст. Айни замон дар аксари мактабҳо омӯзгорони оддӣ ба сифати равоншиносон кор мекунанд.

“Мувофиқи стратегияи зикршуда, то соли 2030 дигар набояд биноҳои садамавии мактабҳо боқӣ монад. Мактабҳо пурра бо омӯзгорони касбӣ таъмин шуда, бо озмоишгоҳҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерию лингофонӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд”, – қайд карданд дар Вазорат.

Дар хабари Вазорат дар ин робита гуфта мешавад, дар Стратегия ба масъалаҳои таъмини пурраи омӯзгорони фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, равоншиносон барои муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои синфҳои якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  сохтмони пурраи муассисаҳои таълимии садамавӣ, муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерию лингофонӣ, ва аз акрредитатсияи байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.