Дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ ва англисиро аз синфи як ба роҳ мемонанд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи солҳои 2021-2030 таҳия намуд, ки дар он роҳандозии омӯзиши забони русӣ ва англисӣ аз синфи якум дар мактабҳо пешбинӣ шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорат. Дар мактабҳои Тоҷикистон айни замон омӯзиши забони русӣ аз синфи дуюм ва анлисӣ – […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи солҳои 2021-2030 таҳия намуд, ки дар он роҳандозии омӯзиши забони русӣ ва англисӣ аз синфи якум дар мактабҳо пешбинӣ шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорат.

Дар мактабҳои Тоҷикистон айни замон омӯзиши забони русӣ аз синфи дуюм ва анлисӣ – аз синфи сеюм оғоз мегардад.

Дар Стратегия ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки дар басти воҳидҳои корӣ (штат)-и ҳамаи муассисаҳои таълимӣ вазифаи равоншинос (психолог) таъин карда шавад.

Аввали соли равон Раёсати маорифи шаҳри Душанбе эълон кард, ки барои мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ равоншиносони касбӣ меҷӯяд. Ба онҳо дар ҳаҷми 800-900 сомонӣ маош муқаррар шудааст. Айни замон дар аксари мактабҳо омӯзгорони оддӣ ба сифати равоншиносон кор мекунанд.

“Мувофиқи стратегияи зикршуда, то соли 2030 дигар набояд биноҳои садамавии мактабҳо боқӣ монад. Мактабҳо пурра бо омӯзгорони касбӣ таъмин шуда, бо озмоишгоҳҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерию лингофонӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд”, – қайд карданд дар Вазорат.

Дар хабари Вазорат дар ин робита гуфта мешавад, дар Стратегия ба масъалаҳои таъмини пурраи омӯзгорони фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, равоншиносон барои муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои синфҳои якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  сохтмони пурраи муассисаҳои таълимии садамавӣ, муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерию лингофонӣ, ва аз акрредитатсияи байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.