Дар Хоруғ наздики 337 кило маводи нашъаовар нобуд карда шуд

Бо супориши роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ 336 килову 460 грамм маводи нашъаовар нобуд карда шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, маросими сӯзонидан ва несту нобуд кардани маводи нашъаовар бо роҳбарии муовини сардори Раёсат ва иштироки намояндагони мақомоти Прокуратураи вилоят, Раёсати Агентии назорати маводҳои […]

Asia-Plus

Бо супориши роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ 336 килову 460 грамм маводи нашъаовар нобуд карда шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, маросими сӯзонидан ва несту нобуд кардани маводи нашъаовар бо роҳбарии муовини сардори Раёсат ва иштироки намояндагони мақомоти Прокуратураи вилоят, Раёсати Агентии назорати маводҳои нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ, Раёсати КДАМ ва мақомоти гумрук дар вилоят бо тартиб додани санади дахлдор баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар доираи баргузории амалиёти «Кукнор -2019» аз тарафи РВКД дар ВМКБ тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо супориши роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ, фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт пурзӯр карда шудааст.

Зикр мегардад, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони РВКД дар ВМКБ ва ҷузъу томҳои он дар вилоят давоми 14 рӯзи амалиёти «Кукнор-2019» 17 ҳолати дарёфт намудани растаниҳои нашъадори бангдонаи худрӯй ба миқдори 198 ҳазору 603 бех решакан ва несту нобуд карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.