Марзбони навбатии тоҷик барои лату кӯби ҳамхизматаш маҳкум шуд

Сарбози қатории Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон Достон Саидовро суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи 373 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) гунаҳкор эътироф намуда, ба як соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарбози қатории Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон Достон Саидовро суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи 373 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) гунаҳкор эътироф намуда, ба як соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбӣ иттилоъ дод, сарбоз моҳи марти соли 2018 ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаалаҳи Тоҷикистон даъват шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, шоми рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ Достон Саидов дар ҳоҷатхонаи қисми ҳарбӣ ҳамхизматаш Ҷ.Тӯйчиевро лату кӯб ва таҳқир кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи ташхиси судиву тиббӣ, дар натиҷа Ҷ.Тӯйчиев ҷароҳатҳои сабуки ҷисонӣ бардоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.