Манъи додани қарз ба филиалҳои “Амонатбонк” дар Хатлон

Дар чор филиали “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ягон хел қарз дода нашудааст. Дар филиалҳои “Амонатбонк” дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва филиали минтақавии №42-и бонк дар ин давра қарзҳо пешниҳод нашудааст, хабар дод муовини директори филиали минтақавӣ Гулмаҳмад Тағоев. Бино ба гуфтаи номбурда, бинобар сабаби барнагардонидани воситаҳои қарзии […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар чор филиали “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ягон хел қарз дода нашудааст.

Дар филиалҳои “Амонатбонк” дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва филиали минтақавии №42-и бонк дар ин давра қарзҳо пешниҳод нашудааст, хабар дод муовини директори филиали минтақавӣ Гулмаҳмад Тағоев.

Бино ба гуфтаи номбурда, бинобар сабаби барнагардонидани воситаҳои қарзии пештар додашуда ба ин филиалҳо, идомаи барномаи додани қарз дар онҳо манъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, изҳор шуд, ки рӯзҳои охир ба филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Ҷайҳун дар ниҳояти кор муяясар шудаст, ки қарзҳояшро баргардонад ва ба ин филиал дубора дастрасӣ ба бастаҳои қарз иҷоза дода шуд.

Тибқи маълумоти филиали Бонки миллӣ дар минтақаи Бохтар, қаблан филиалҳои “Амонатбонк” ба маблағи умумии 4 млн. 491 ҳазор сомонӣ қарз додаанд.

Зимнан зикр гардид, ки самти асосии қарздиҳии филиалҳои ин бонк қарздиҳӣ дар бахши иҷтимоӣ ва сипас қарздиҳӣ ба соҳаи агросаноатӣ мебошад.

“Дар самти бозпас баргардонидани воситаҳои қарзӣ ва барқарор кардани дастрасӣ ба бастаҳои барномаи қарздиҳӣ тадбирҳо андешида истодаем”, – илова намуд Тағоев.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, маблағи умумии қарзи пардохташ батаъхирафтода (барнагардонида) назди ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ба санаи 1 апрели соли равон 1 млрд. 805 млн. сомонӣ (беш аз 190 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Наздики 33% аз ин қарзҳои пардохташон батаъхирафтода бо асъори миллӣ ва зиёда аз 67%-аш бо асъори хориҷӣ дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.