Бозичаҳои пастсифат ба кӯдакон чӣ гуна зарар мерасонанд?

Солҳои охир бо беҳтар шудани робитаҳои иқтисодӣ байни давлатҳои минтақа ва афзудани сафи соҳибкорон аз давлатҳои ҳамсоя барои кӯдакон бозичаҳои гуногун, аз ҷумла, махмалину мӯинагин, пластикӣ ва оҳаниву чӯбин бо рангубори диққатҷалбкунанда ворид мешаванд. Тавре маълум гардид, ин бозичаҳо на дорои иҷозатномаи сифатанду на ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй. Чунин манзараҳо ва бӯйи бади бозичаҳоро […]

Манзумаи ФИРӮЗ, “Азия-Плюс”

Солҳои охир бо беҳтар шудани робитаҳои иқтисодӣ байни давлатҳои минтақа ва афзудани сафи соҳибкорон аз давлатҳои ҳамсоя барои кӯдакон бозичаҳои гуногун, аз ҷумла, махмалину мӯинагин, пластикӣ ва оҳаниву чӯбин бо рангубори диққатҷалбкунанда ворид мешаванд.

Тавре маълум гардид, ин бозичаҳо на дорои иҷозатномаи сифатанду на ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй. Чунин манзараҳо ва бӯйи бади бозичаҳоро дар бозорҳо мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар бозорҳои ҷумҳурӣ бозичаҳои пастсифатро пайдо кардан мушкил нест. Вале мушоҳида мешавад, ки мардум ҳангоми харидорӣ намудани мол иҷозатномаи сифатро аз тоҷирон намепурсанд. Дар натиҷа моли харидаашон метавонад ба саломатии фарзандашон таъсири бад расонад. Ҳатто харидоронеро ҳам шоҳид шудем, ки мегуфтанд, “арзонтарашро ёфта деҳ”, вале сифат ва шакли сохти бозича онҳоро нороҳат намекард.

Савдогарон бошанд, “кушоиши кор” гуфта бозичаҳои арзони истеҳсоли Чинро ба харидорон пешниҳод мекарданд ва аз бӯй ва сифати паст онҳоро парвое набуд, чун ин мол харидор дошт. Аз бӯйи бади бозичаҳо сари одами солим ба дард меояд, вале харидоронро гӯё димоғашон бастааст, ки не парвои бӯй доштанду не парвои фарзанди солим. Савдогарон чунон саргарми кор буданд, ки ҳар дам аз суҳбат худдорӣ мекарданд. 

Табибон бар онанд, ки бозичаҳое, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, метавонанд кӯдаконро ба бемории аллергия дучор созанд. Гулнамо Оламова, духтури кӯдакона ва эҳёгари шӯъбаи наҷоти кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии рақами 5 дар мавриди ин масъала гуфт,  бозичаҳое, ки аз маводи пластикӣ, резинӣ, чӯбин, оҳанин, махмалину мӯинагин сохта мешаванд ва аз меъёр зиёд бӯй доранд, метавонанд ба асаб, роҳҳои нафаскашӣ ва пӯсти бадани кӯдак таъсир расонад.

Ба гуфтаи мавсуф:

– Нозук будани пӯсти кӯдакон нисбат ба калонсолон метавонад онҳоро ба бемории алергетикӣ ва дигар бемориҳо мубтало созад. Ҳамчунин бозичаҳои пастсифат, ки дорои ашёҳои хурд мебошанд, метавонанд ба кӯдак осеб расонанд. Дар таҷрибаи корӣ дида мешавад, ки кӯдакон тири таппончаҳоро, ки барои бозии кӯдакон пешбинӣ шудааст, ба чашм, гӯш ва бинии худ андохта, баъдан аз дард азият мекашанд.

Баъди чунин ранг гирифтани кор ҳатман бояд волидон ба духтури чашму гӯшу гӯш (лор) ё ҷарроҳ муроҷиат намоянд, то ин тирҳо берун карда шаванд. Ҳамчунин аз бӯи бади бозичаҳо метавонад ҳассосияти кӯдакон баланд шавад. Ё баъди ба даҳон гузоштани онҳо, ки бештари вақт кӯдакони то синни яксола аз онҳо истифода мебаранд, метавонанд ба бемории дарди даҳон (стоматит) дучор гарданд.

Мутаассифона, шумораи кӯдакони гирифтори бемории аллергия ҳамасола афзоиш ёфта, бино ба иттилои омори тиббӣ, қариб 20 фисади кӯдакон аз ин беморӣ дар ҷаҳон азият мекашанд. Гарчанде ин беморӣ сабабҳои гуногун дорад, вале бозичаҳои ба талаботи санитарӣ-гигиенӣ ҷавобгӯ набуда низ метавонанд яке аз сабабҳои ин беморӣ бошанд.

Тавре хабар дорем, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақомоти дахлдор дар доираи ваколатҳо ва самтҳои фаъолияти худ дар фурӯшгоҳҳо ва бозорҳои шаҳри Душанбе бозичаҳои кӯдаконаи барои синну соли гуногун ва аз маҳсулоти ҳархела сохташударо соле чанд маротиба мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Дар рейдҳои муштарак намунаҳои ин бозичаҳо барои таҳлили кимиёиву санитарӣ низ гирифта мешаванд.

 Санҷишҳои лабораторӣ низ нишон додаанд, ки дар таркиби зиёда аз 30 фоизи намунаҳои гирифташудаи бозичаҳо миқдори моддаҳои зудбухоршаванда, аз қабили фенол мавҷуд мебошад. Ин моддаҳо ба солимии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ муроҷиати кӯдаконро бо заҳролудшавии гуногун ва аксуламалҳои пӯст ва бадан мушоҳида кардан мумкин аст, ки яке аз сабабҳояш муомила бо бозичаҳо мебошад.

Барои паси сар намудани мушкилоти ҷойдошта гарчанде ниҳодҳои дахлдор талош мекунанд, аммо ба назар мерасад, ки то ҳол чунин бозичаҳо аз ҷониби савдогарон ба фурӯш гузошта мешавад. Ба иттилои Агентии Тоҷикстандарт, дар панҷ моҳи соли равон 39 ҳазору 264 дона бозичаҳои пастсифат аз муомилот гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазору 645 адад зиёд мебошад.

Тавре Мурод Ашӯров, сардори маркази матбуоти Агентии Тоҷикстандарт, ба “Азия-Плюс” гуфт, ин бозичаҳо ба таври қочоқ ворид гардида, тариқи сӯзонидан несту нобуд карда мешаванд.

– Сабаби асосии ошкор намудани бозичаҳои пастсифат дар он буд, ки  рангҳои ноустувор, овози гӯшхарош ва теғаҳои тез доштаи онҳо метавонад ба кӯдак осеб расонад, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Мурод Ашӯров, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки воридоти бозичаҳое, ки ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ нестанду ба таври қочоқ оварда мешаванд, нисбат ба солҳои қаблӣ камтар шудааст.

– Аммо мебинем омори аз савдо гирифтани бозичаҳои пастсифат сол то сол зиёд мешавад, ки дар соли 2018 ба миқдори 82 ҳазору 876 дона бозичаҳо аз муомилот гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2017 76 ҳазору 855 адад зиёд мебошад. Нисбат ба воридкунандагон ва соҳибкороне, ки ин бозичаҳоро бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бехатарӣ ба муомилот баровардаанд мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд, – гуфт Мурод Ашӯров.

Пас имрӯз волидонро мебояд ҳангоми харидорӣ намудани бозичаҳо ҳатман тамғаи сифат ва  мутобиқатро аз савдогар талаб намоянд ва барои кӯдаки худ бозича харидорӣ намоянд. Чун ба андешаи равоншиносон бозӣ дар ҳаёти кӯдак нақши муҳим ва пешбаранда дорад ва бозичаҳо барои ҷаҳонбинии кӯдак мусоидат мекунанд.

Агар бадхашмии кӯдак аз як ҷиҳат ба хусусиятҳои этникии модарзодӣ вобаста бошад, сабаби дигари бадхашм шуданаш муҳити иҳотакарда ё бозичаҳои пастсифате шуда метавонад, ки кӯдакро фаро гирифтааст. Ва кӯдакон нозуканду ба ҳар гуна осеб тоб оварда наметавонанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.