Нобуд кардани 6,7 тонна маводи доруворӣ ва атриёт дар Бохтар

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон қариб 6,7 тонна маводи доруворӣ ва атриётро нобуд кард. Рӯзи 17 июн дар партовгоҳи шаҳри Бохтар 6 ҳазору 688 кило маводи доруворӣ ва атриёти муҳлати истифодаашон гузашта ва ғайримеъёрӣ нобуд карда шуд, хабар дод сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода. Бино ба гуфтаи ӯ, аз […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон қариб 6,7 тонна маводи доруворӣ ва атриётро нобуд кард.

Рӯзи 17 июн дар партовгоҳи шаҳри Бохтар 6 ҳазору 688 кило маводи доруворӣ ва атриёти муҳлати истифодаашон гузашта ва ғайримеъёрӣ нобуд карда шуд, хабар дод сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз миқдори умумии маводи дорувории нобудшуда беш аз 70%-аш аз ҷониби худи ширкатҳои машғул ба дорусозиву фурӯши онҳо ба сарраёсат супорида шуда, 30%-и боқимонда дар ҷараёни санҷиш дар дорухонаҳо ва муассисаҳои тиббӣ мусодира гардидааст.

Зимнан зикр шуд, ки ширкатҳои машғул ба дорусозӣ ва фурӯши он, ки дар вилоят фаъолият доранд, бештар масъулиятнок шудаанд ва худашон пешакӣ маводи дорувории муҳлати истифодааш гузаштаро ба раёсат месупоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.