Даромад ба буҷет аз андозҳо мувофиқи ваъда 10% афзуд

Давоми 4 моҳи соли равон (январ-апрел) ҳаҷми умумии даромад ба буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 7,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 1% зиёдтар аст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта даромадҳо ба буҷет аз андоз дар ин давра 10,2% ё худ ба маблағи 467 млн. сомонӣ афзуданд. Ҳаҷми даромадҳо ба буҷет […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми 4 моҳи соли равон (январ-апрел) ҳаҷми умумии даромад ба буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 7,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 1% зиёдтар аст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта даромадҳо ба буҷет аз андоз дар ин давра 10,2% ё худ ба маблағи 467 млн. сомонӣ афзуданд.

Ҳаҷми даромадҳо ба буҷет аз андоз тӯли моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 5 млрд. 35 млн. сомониро ташкил доданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 4 млрд. 568 млн. сомонӣ баробар буд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Аз ҷумла ба мақомоти андоз муяссар шудааст, ки ҷамъоварии андоз аз даромад ва андоз аз фоидаро ба маблағи 218 млн. сомонӣ, андоз аз арзиши иловашударо – ба 151 млн. сомонӣ ва аз аксизҳоро ба маблағи 39 млн. сомонӣ зиёд кунанд.

Аз рӯи натҷаҳои соли равон даромадҳо ба буҷет аз пардохти андозҳо дар ҳаҷми умумии 16,3 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба даромадҳо аз ин моддаи дар соли 2018 муқарраршуда 10,8% бештар мебошад.

Мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои Вазорати молия, давоми солҳои 2020-2021 ҳаҷми даромад аз андозҳо ба ҳисоби миёна ҳамасола ба андозаи 10% меафзояд.

Дар мақомоти дахлдор мегӯянд, даромадҳо ба буҷет бо роҳу воситаҳои маъмулӣ – оғози кори соҳибкорони нав ва таъсиси корхонаҳои нав, муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисод ва мутаносибан афзоиши ҳаҷми даромадҳо аз андоз зиёд мешаванд.

Аммо бархе аз коршиносон эътироф менамоянд, ки афзоиши даромадҳо аз ҳисоби зиёд кардани сарбории пардохти андоз сурат мегирад.

“Барои расидан ба нишондиҳандаҳои аз ҷониби ҳукумат муқарраршуда, мақомоти андози мо меъёрҳои пардохти андозро дар ҷойҳое, ки алҳол имконпазир аст ва дар навбати аввал барои тиҷорат зиёд мекунанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як иқтисодчӣ, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.