Баррасии стратегияи 3-сола ва нақшаи амали Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар Душанбе

Иттилоияи расмӣ

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе рӯзи 21-уми июн таҳти унвони  «10 соли худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон. Имкониятҳо ва рафъи таҳдидҳои он барои фаъолияти оянда», дар Душанбе ҷаласаи мизи мудаввар баргузор намуд.

Дар ин чорабинӣ 70 иштирокчи, аз ҷумла намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, сармуҳаррирону рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии дар соҳаи рушди ВАО фаъол, иштирок карданд.

Дар кори мизи мудаввар иштирокчиён стратегияи сесола ва нақшаи амали Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро, ки бо дастгирии САҲА таҳия шудааст, муҳокима намуданд. Коршиносони САҲА таҷрибаҳои омӯхташуда ва намунаҳои кори беҳтаринро оиди бартариҳо ва хусусиятҳои худтанзимкунии ВАО гуфта гузашта, ба ҳозирин дар бораи фаъолияти шӯроҳои ВАО дар минтақаи САҲА иттилоъ доданд.

Роҳбари  Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер ба Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди ВАО дар кишвар арзи сипос намуда, қайд кард:

«Дафтари мо омода аст Ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми Тоҷикро минбаъда низ барои беҳтар намудани озодии сухан, гуногунандешии ВАО ва дастрасӣ ба иттилоот дар кишвар дастгирӣ намояд”.

Иштирокчиёни мизи мудаввар саҳми САҲА-ро дар ривоҷ додани озодӣ ва гуногунандешии ВАО дар Тоҷикистон пазируфтанд.

“Мақсади асосии Шўрои ВАО ривоҷи озодии сухан ва баланд бардоштани сифати хабарнигорӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки он мувофиқи ҳамаи стандартҳои байналмилалӣ бояд гузаронида шавад. ВАО бояд ба як платформаи муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҷомеа табдил ёбанд», – гуфт Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.