Наврасоне, ки Осияро оташ заданд, чӣ ҷазо мегиранд?

Манзумаи Фирӯз, “Азия-Плюс”

Ҳодисаи бо як бераҳмӣ баста ва оташ задани Осияи 6-сола аз ҷониби се ноболиғ боиси нигаронию изтироби ҷомеа гардида, вокунишҳо низ афзудааст, ки ин ноболиғон дар оянда низ метавонанд барои дигарон мушкил эҷод намоянд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, яке аз ноболиғон ноболиғ Очилдиев Сунатуллои 13-сола, сокини деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар оташ задани Осияи 6 сола нақши асосӣ дошааст ва номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст.

Дар айни замон ноболиғ Очилдиев Сунатулло, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад ва сагҳои ӯ безарар гардонида шуданд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур дар Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дорад.

Ду навраси гумонбари ин ҳодиса 9 сол дошта, нафари сеюм 14 сол дорад ва модараш низ аз муносибати начандони хуби ӯ шиква кардааст. Модараш дар суҳбат бо хабарнигори “Фараж” иброз доштааст, ки ӯро пайваста бо корд таҳдид карда, ба суханонаш гӯш намедиҳад. Ин ноболиғ дар мактаб-интернати Ҳисор таҳсил менамояд ва душвортарбия ҳасту бо сагбозӣ майл дорад. Модари ноболиғ гуфтааст, ки писараш дар кӯдакӣ аз сараш осеби сахт дида, ҳоло гоҳ-гоҳе даст ба ба дуздӣ низ мезанаду ҳамсояҳо аз ӯ шикоят мекунанд. 

Амали ин се ноболиғ сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда, дар ин масъала президенти кишвар низ ахиран дахолат карда, табобати Осияи 6-соларо таҳти назорати хеш гирифт. Барои табобати Осия аз Олмон табиб даъват шуд.

Хабари оташ задани Осияи 6-сола аз ҷониби се ноболиғ ва то кунун дар озодӣ будани онҳо бисёриҳоро дар ҳолати нигаронӣ қарор додааст, ки чаро ин ноболиғон то ҳол дар озодӣ ҳастанд? Чаро нисбаташон чора андешӣ намешавад?

Аммо тибқи қонунгузории кишвар, ҷавобгарии ҷиноӣ аз синнӣ 14 (дар ҳолатҳои истисноӣ) ва ҷавобгарии маъмурӣ аз синни 16 солагӣ пешбинӣ шудааст. 

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ноболиғ Сунатулло Очилдиеви 13 сола, сокини деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар оташ задани Осияи 6 сола нақши асосӣ дошааст ва номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст.

Дар айни замон ноболиғ, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад ва сагҳои ӯ безарар гардонида шуданд.

Умраҷони Эммалӣ, сардори матбуоти ВКД гуфт, ки ҳодисаи мазкур дар Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дорад ва тақдири ду ноболиғи дигар муайян карда мешавад. Масуф ҳамчунин изҳор намуд:

– Дар бархе расонаҳо синну соли ноболиғ 14-15 сола навишта шудааст. Аммо ноболиғ  Очилдиев  13 сол дорад ва танҳо рӯзи 14-сентябр ба синни 14 қадам мемонад. Ва иштибоҳан навиштани синну соли ноболиғ дар байни ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст, ки чаро то ҳол ӯ дар озодист.    

Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшиноси ташкилотии ҳуқуқии “Ҳимоя” дар мавриди паёмади амали кӯдакон ва баҳои ҳуқуқӣ ба ин масъала чунин мегӯяд, тақдири ноболиғоне, ки дар оташ задани Осияи 6-сола гунаҳгор ҳисобида мешаванд, дар рафти тафтишот муайян мешавад. Чун боздошт ва ҳабси ноболиғон тибқи қонунгузорӣ мумкин нест ва синни ками ин ноболиғон ҷавобгарироро сабук мекунад.

Ҳуқуқшинос ҳамчунин илова мекунад, ки нигоҳи ҷомеа ба ин масъала касбӣ набуда, ҳодиса қасдан анҷом нашудааст.

Ба қавли ин ҳуқуқшинос,  “кӯдаконро набояд боздошт кард ва аз озодии онҳоро маҳдуд сохт. Ин маънои онро надорад, ки ин кӯдакон одамкуш ҳастанд ва дар ҳолати озод будан ҳамаро ба қатл мерасонанд”.

Чунин пешгӯиҳо низ ҷой дорад, ки гунаҳгори аслии ҳодиса бинобар бемор (аз лиҳози равонӣ носолим) буданаш аз ҷавобгарӣ раҳо гардад. Дар сурати собит шудани бемории ноболиғ, тибқи қонунгузори ӯро чӣ интизор аст?

Шарҳи  ҳуқуқшинос дар ин хусус:

– Ноболиғ аз ташхиси духтур гузаронида мешавад ва дар ҳолати бемори равонӣ доштанаш ӯро барои табобат равон менамоянд. Чунин нафаронро наметавон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид. Баъди табобат агар табиб муайян созад, ки наврас солим аст ва ба ҷамъият хатар надорад ҷавоб дода мешавад.

Тибқи қонунгузорӣ, эҳтимол волидони ноболиғон ҷарима шаванд, вале ҳуқуқшинос  Наврӯз Одинаев мегӯяд, волидони духтарчаи ҷабрдида ҳуқуқ доранд, барои зарари расида ба саломатии фарзандашон аз парастори гумонбарон ҷуброн талаб намоянд.

Аммо Фотима Зулфонова, бибии Осия дар суҳбат гуфт, ки “волидони ноболиғон ба аёдати Осия омаданд, вале мо аз онҳо кӯмаке талаб накардем”. 

Ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев ҳамчунин илова кард, ки шояд ноболиғон ба корҳои ислоҳӣ ҷалб гарданд ё ба мактабҳои махсус супорида шаванд. Аммо то тафтишот амали наврасонро муайян насозад, пешгӯӣ кардан дуруст нест. Тавре огоҳем ҳодисаро президенти кишвар таҳти назорат қарор гиифтааст ва одилона матраҳ мешавад.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят барои ноболиғон аз синни 14-сола пешбинӣ шудааст. Наврасоне, ки синни  14 ва 16  нарасидаанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашида намешаванд. Дар ҳолате, агар ноболиғ дар синни 14 солагӣ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намуда бошад, ба мӯҳлати то ҳафт сол ва агар дар синни 16-18 ба мӯҳлати даҳ сол аз озодӣ маҳрум мешавад, илова кард, Одинаев. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...