Дарёфти охирин сабти овози Садриддин Айнӣ дар Душанбе

Қарта (пластинка) шояд бо сабти овози охирини ӯро гирдоваранда (коллексионер)-и бозёфтҳои таърихии душанбегӣ, мусиқачӣ Ҷэк Рок пайдо намуд. “Ман ба қартаҳои арзишманд хуб сарфаҳм рафта, барои баҳодиҳӣ ба онҳо ба ман муроҷиат мекунанд, – гуфт ба “Азия-Плюс” ӯ. – Чанде пеш коллексионери рус ба ман муроҷиат кард, ки якчанд пластинкаҳоро аз назар гузаронида, онҳоро харам […]

Қарта (пластинка) шояд бо сабти овози охирини ӯро гирдоваранда (коллексионер)-и бозёфтҳои таърихии душанбегӣ, мусиқачӣ Ҷэк Рок пайдо намуд.

“Ман ба қартаҳои арзишманд хуб сарфаҳм рафта, барои баҳодиҳӣ ба онҳо ба ман муроҷиат мекунанд, – гуфт ба “Азия-Плюс” ӯ. – Чанде пеш коллексионери рус ба ман муроҷиат кард, ки якчанд пластинкаҳоро аз назар гузаронида, онҳоро харам ва ба ӯ фиристам”.

Мусиқачӣ якчанд пластинка, аз ҷумла сабти овози Айниро аз як зане харидааст, ки барояш ин пластнкаҳо ҳеҷ арзише надоштанд. “Пластинка 20 сомонӣ нарх дошт”, – мегӯяд номбурда.

Пас аз ҷустуҷӯи маълумот дар бораи сабти овози Айнӣ, Ҷек мутмаин шуд, ки ин пластинка нодир аст. Суханронӣ соли 1953 – як сол пеш аз даргузашти адиб сабт шудааст. Дар сабт Айнӣ дар бораи дастовардҳои ҳизб ҳарф зада, аз суханронӣ чунин бармеояд, ки он ба 36-солагии инқилоби Октябр бахшида шудааст.

 

Ин қарта дар дасти худи Ҷэк мондааст, чунки коллексионери рус танҳо ба бозёфтҳои таърихии мусиқӣ таваҷҷуҳ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.