“Шаҳри бехатар” дар Душанбе чӣ гуна кор мекунад? Ё эҳтиёт бошед, шуморо назорат мекунанд

Аз таъсиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, ки яке аз воҳидҳои муҳими ВКД ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, 83 сол пур шуд. БДА Тоҷикистон таърихи худро дошта, он аз замоне оғоз гардид, ки дар ҷумҳурӣ аввалин роҳи автомобилгард сохта шуд. Баъди анҷоми сохтмони он воридшавии қатораҳои автомобилҳо ба ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Бо гуззашти вақт шумори автомобилҳо дар […]

Парвиз Турсунов, Asia-Plus

Аз таъсиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, ки яке аз воҳидҳои муҳими ВКД ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, 83 сол пур шуд.

БДА Тоҷикистон таърихи худро дошта, он аз замоне оғоз гардид, ки дар ҷумҳурӣ аввалин роҳи автомобилгард сохта шуд.

Баъди анҷоми сохтмони он воридшавии қатораҳои автомобилҳо ба ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Бо гуззашти вақт шумори автомобилҳо дар кишвар афзуда, барои танзими ҳаракати онҳо зарурат пеш омад. Баъди 11 соли оғози бунёди аввалин роҳи автомобилгард – 3 марти соли 1936 мақоми махсус оид ба идоракунии ҳаракат дар роҳ назди Раёсати Комиссариати халқ (милитсия)-и Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) таъсис дода шуд.

Санаи 3 июли соли 1936 Оиннома “Дар бораи Бозрасии давлатии автомобилии Комиссариати халқи корҳои дохилии Иттиҳоди шӯравӣ” тасдиқ шуда, аз ҳамон замон 3 июл ҳамчунин Рӯзи таъсисёбии БДА ҷашн гирифта мешавад.

Хадамоти роҳбонии БДА низ таъсис ёфта, лекин қоидаҳои дақиқи ҳаракат дар роҳ мавҷуд набуд, аз ин рӯ, мутахассисон ба таҳияи лоиҳаи мазкур пардохтанд.

Пас аз омӯзиши ҳамаи вариантҳо соли 1940 бори нахуст дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҷмӯаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таҳия гардида, мутаносибан шумори кормандони БДА, аз ҷумла дар Тоҷикистони шӯравӣ низ афзуд.

Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, хадамоти БДА бо воситаҳои наву муосири техникӣ муҷаҳҳаз шуд. Моҳи ноябри оли 2013 дар пойтахти кишвар лоиҳаи “Шаҳри бехатар” мавриди амал қарор гирифта, садҳо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ кору амали сокинони шаҳр ва воситаҳои нақлиётро назорат мекунанд. Ба туфайли кори ин низом аллакай ҳазорон қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ  ва садҳо ҷиноят ошкор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.