Толибшоҳи Давлат дар бораи рисолате, ки қарз меорад

Чун рӯзи 3-юми июл рӯзи нависандагон аст, бо нависандаи тоҷик, дорандаи ду ҷоизаи байналмилалӣ ва довталаб ба ҷоизаи “Нобел” Толибшоҳи Давлат суҳбате анҷом додем. Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир адабиёти мо дар як ҳолати бад қарор дорад. Ҳолати бад маъноеро надорад, ки имрӯз соҳаи мазкур хонанда надорад, балки аз он аст, ки қудрати таъмини маишати рӯзгори […]

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, махсус барои «Азия-Плюс»

Чун рӯзи 3-юми июл рӯзи нависандагон аст, бо нависандаи тоҷик, дорандаи ду ҷоизаи байналмилалӣ ва довталаб ба ҷоизаи “Нобел” Толибшоҳи Давлат суҳбате анҷом додем.

Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир адабиёти мо дар як ҳолати бад қарор дорад. Ҳолати бад маъноеро надорад, ки имрӯз соҳаи мазкур хонанда надорад, балки аз он аст, ки қудрати таъмини маишати рӯзгори намояндагони худро аз даст додааст.

Намояндаи ин соҳа – нависандаву шоир бар ивази заҳматҳои зиёди шабонарӯзӣ ба ҷойи подоши амал боз барои ба дасти хонанда расонидани маҳсули эҷодаш назди чандин нафар сарашро хам мекунад ва умед мебандад, ки касе пайдо шудаву маҳсули эҷодашро дар шакли китоб ё китобчае нашр мекунад. Вале агар раваду нафари дилсӯзе пайдо нашавад, яқин, ки эҷодкор қарз карда китобашро, ҳамон китоберо, ки бо бо сад аламу дард ва умед навишта буд чоп мекунад. Дар охир ба дӯстону пайвандонаш яктогӣ туҳфа карда, то чанд вақти дигар қарз меканад. Ва табиист, ки пас аз чунин нобасомониҳо дар бораи қарзу қарздорӣ ҳам чизе хоҳад навишт.

Ҳоло ҳеҷ пинҳон нест, ки аксари эҷодкорон, хусусан нависандагон шикоятномаҳои рӯйи чопро надида доранд. Шикоят аз вазъи ногувори рӯзгор, шикоят аз беаҳамиятии "зиёиён"-и дигар, шикоят аз бетафовут будани хонандагон нисбати эҷодашон, шикоят аз замон, шикоят аз фазо, шикоят аз худ. Ва ин ҳамаро нуқтаи кулминатсионӣ беқадру қиммат шудани адабиёт аст

– Рисолати адабиёту адиб чист ва он имрӯз ба таври бояду шояд иҷро шуда истодааст?

– Рисолати адабиёт тарбияи дурусти аҳли ҷомеа аст. Имрӯз онро ҳар адиб ба таври худ, ба қадри тавони худ иҷро дорад.

– Нависанда+адабиёт баробари чӣ?

– Масъулияти бузург бар дӯш доштан.

– Як ангезаеро ном баред, ки барои нависанда шудан мусоидат кунад?

– Аслан ангеза барои чизе эҷод кардан аст ва аммо агар мо баҳонаеро ном бурданӣ шавем, ки ба нависанда шудани нафаре мусоидат карда тавонад, ин пеш аз ҳама шавқу завқи ӯ метавонад бошад. Пас аз инҳо метавон самт ё соҳаеро ном бурд, ки эҷодкор дар он эҷод кардан мехоҳад ва ин чиз барои ман муҳоҷирати меҳнатӣ аст.

– Кадом амал нависандаро ҳамчун эҷодкор маҳв месозад?

– Ташвишҳои беохири зиндагӣ.

– Пӯшида нест, ки аксар нависандагони мо зери абри сиёҳ пинҳон мондаанд ва аз ин ҳолат доимо шикоят мекунанд, чаро аслан чунин аст?

– Сабаби асосӣ кам шудани таваҷҷуҳ ба эҷодкорон аст. Мутаассифона, мо фарҳанги ба эҷодкорон аҳамият додан, ба маҳсули эҷоди онҳо таваҷҷуҳ карданро аз даст додаем.

– Шумо китоб менависед, қарз карда чоп мекунед ва ба наздиконатон онро туҳфа намуда, чизе фоида намегиред, чаро вақтатонро ба кори бефоида мегузаронед?

– Ба хотири анҷоми рисолат.

– Боре китоб ё китобҳоятонро рӯнамо (презентатсия) кардаед?

– Китоби "Турнаҳо дар баҳорон"-ам дар Лондону Бишкек рӯнамоӣ шудаанд, вале бе иштироки худам. Дар кишвари худамон бошад, ҳатто фикрашро надорам.

– Чаро бе иштироки худатон?

– Ман даъватӣ будам, аммо бо сабаби роҳкиро надоштан рафта наметавонистам.

– Вақте ки дар хориҷ эътирофу дар дохил зери абри сиёҳед, таассурот чӣ гуна мешавад?

– Бисёр аламовар!

– Навиштан, яъне чӣ?

– Навиштан, яъне эҷод намудан, то дигарон мутолиа намоянд. Ва аз он баҳри хеш нафъе ёфтан.

– Бигӯед, ки кӣ ё киҳо нависандаро маҷбур мекунанд, ки аз пайи рӯзгори худ нашуда, дарди дигаронро фикр кунаду бигӯяд?

– Ин як ҳиссе аст, ки ҳамту нишаста ҷавоб додан номумкин аст.

– Чаро дар мо нависандагон яке навиштаи дигареро намехонад ва боз бар ивазаш ӯро ғоибона танқид ҳам мекунад?

– Чанд сол мешавад, ки шахсан худи ман аз нависандагони тоҷик касеро намехонам ва дар ин баробар ба касе кор ҳам надорам.

– Як нависанда дар Тоҷикистон чӣ гуна маишати зиёдагиашро таъмин мекунад?

– Ҳар кадом ҳар хел. Бо ибораи маъруфи имрӯз аксаран ҳар кас бори аробаи рӯзгорашро худ мекашад. Яке кор мекунад, дигареро наздикону пайвандон, фарзандон ёрӣ мерасонанд, дастгирӣ мекунанд. Нафаре нафақаашро “эҳтиёткорона” сарф месозад. Хулоса, рӯзгори адиб бо буду нобуд ҷараён дорад, пеш меравад.

 – Мушкилии асосии Шумо нависандагон чист?

– Гумонам мушкили асосӣ иқтисодӣ аст, ки ҳоло қариб дарди ҳамагон аст.

– Давлат ва нависанда барои якдигар чӣ гуна хизмат карда метавонанд? 

– Дар шароти кунунӣ давлат ба адиб ёрии молиявӣ расонад, беҳтар хоҳад буд. То ин ки ӯ фориғ аз ҳама гуна ташвишҳо нависад, пайи эҷод шавад. Дар навбати худ эҷодкор асаре офарад, ки ба нафъи ҷомеа бошад, мардумро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Тавре намояндагони адабиёти классикиямон асосан ин рисолатро анҷом додаанд.   

– Чанд китобатон мунтазири чоп ҳастанд?

– Як роман, се повест ва як маҷмӯаи новеллаҳо. 

– Мардумро ба адабиёт чӣ гуна метавон наздик кард?

– Бояд коре кард, ки китобҳо бо нархи арзон дастраси ҳаводорони адабиёт гарданд. Вазъи иқтисодии мардум ҳарчи беҳтар шудан гирад, майл ба адабиёт ҳам меафзояд.    

– Мо фикр мекунем, ки майдони нависандагӣ холӣ монда истодааст ва насли ҷавон ҳамагӣ ба шеър завқ доранд, ба фикри Шумо чаро чунин аст?

– Ин фикр то андозае дуруст аст, зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони эҷодкори мо бисёртар ба шеъргӯйӣ шавқ доранд, вале  ҳамеша якта-нимта дар ин майдон барҷо мемонанд. Масалан, Башир Усмон навиштаҳои хуб дорад. Агар пайваста саъй намояд, комёбиҳои зиёдро ба даст меорад.         

– Агар медонистед, ки ояндаи нависандагӣ ҳамин гуна мешавад, ин пешаро интихоб мекардед?

– Бечуну чаро! Чунки ин рисолати ман аст!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.