Ташрифи ҳайати Афғонистон ба Душанбе ҷиҳати баррасии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон

Дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе рӯзҳои 4-5 июл ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон  доир мегардад. Ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Комиссия имрӯз, 4 июл ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, вазири молияи ин кишвар ва сармушовири президенти Афғонистон ба Душанбе меоянд. Ҳайати Тоҷикистонро дар кори ҷаласаи […]

Дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе рӯзҳои 4-5 июл ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон  доир мегардад.

Ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Комиссия имрӯз, 4 июл ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, вазири молияи ин кишвар ва сармушовири президенти Афғонистон ба Душанбе меоянд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар кори ҷаласаи дурӯза вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода роҳбарӣ мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, дар ҷаласа масоили ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии байни ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, энергетика, захираҳои обӣ ва нафту газ, соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, кумитаи ҳифзи муҳити зист, саноат, нақлиёт, гумрук, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суғурта мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, ҷаласа то 5  июл идома ёфта, дар фарҷом миёни ҷонибҳо протокол ба имзо мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.