Ифтитоҳи марказҳои нави хизматрасониҳои Tcell дар пойтахт

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell лоиҳаи тавсеаи шабакаи фурӯши чаканаро дар пойтахт ва саросари кишвар ҳамчунон идома медиҳад. Тайи чанд рӯзи ахир дар Душанбе се маркази нави хизматрасонӣ дари худро ба рӯи сокинон ва меҳмонони пойтахт боз карданд.    обслуживания абонентов Tcell.

Марказҳои ҷадиди хизматрасонии Tcell дар Душанбе дар нишонаҳои зер воқеъ гардидаанд:

  • Идораи «Фаровон» – кӯчаи Ҷ.Расулов 10/1 (бозори «Фаровон»).
  • Дафтари «Маҳаллаи 103» – кӯчаи Б.Ғафуров, 44
  • Маркази хизматрасонии «Ашан» – кӯчаи Дӯстии халқҳо, 47 (МС Душанбе Мол)

Ҳар рӯз талаботи муштариён бештару бештар мешавад: онҳо мехоҳанд ҳамеша бо пайвандон дар иртибот бошанд, аз навгониҳо дар фурсати аввал огоҳ шаванд, маълумот ба даст оваранд, дар вақти зарурат дар паҳлӯи наздикон бошанд, филму наворҳои бузургҳаҷмро боргирӣ ва ё мустақиман тамошо намоянд. Барои ин  қабл аз ҳама зарур аст, ки вобаста ба имконоту талабот намуди алоқаро интихоб намоед: ё бастаҳои Интернетӣ ва ё бастаи зангҳои телефонӣ.

Дар ҳар яке аз дафтарҳои Tcell муштариён метавонанд вобаста ба алоқаи мобилӣ, тарофаҳо ва намудҳои хизматрасонӣ машварат бигиранд. Дар ин ҷо мутахассисони ҳирфаӣ мушкилоти техникии рухдодаро бартараф менамоянд, иртиботи гусастаро барқарор месозанд. Ҳамчунин, муштариён имкон доранд SIM-корташонро ба қайд бигиранд ва ё тарофаҳои навро барои худ интихоб намоянд, бо тарзи кори барнома-замимаҳои Тcell, аз ҷумла “ТезСум”  ва “Чӣ Гап” шинос шаванду онҳоро боргирӣ намоянд. 

Дар марказҳои ҷадиди хизматрасонии ширкати Tcell кормандони ҳирфаии баландихтисос, ки давраи бозомӯзиро гузаштаанд, фаъолият менамоянд. Муштариён метавонанд дар марказҳои мазкур ба ҳама пурсиши худ посух бигиранд, мушкилоти техникии иртиботашонро рафъ созанд. 

Тайи муддати кӯтоҳ марказҳои нави хизматрасонии ширкат миёни муштариён маъруфият касб карданд: ин дафтарҳо дар ҷойҳои барои муштариён қулай, назди бозору фурӯшгоҳҳо ва серодами шаҳр бунёд шудаанд. Муштариён ба ин васила дар ҷустуҷӯи марказҳои хизматрасонӣ вақти худро зиёд сарф намекунанд. Ва боз- ин марокиз дар реҷаи барои муштариён қулай фаъолият менамоянд. Маркази хизматрасонии «Фаровон» – аз 07:30 то 18:00, дафтари маҳаллаи 103 – аз 08:00 то 19:00 ва идораи МС Душанбе Мол – аз соати 09:00 то 22:00.

Сабки тоза ва графикаи ранга ба ҷавонтарин муштариёни Tcell, ки интизориву суръат ва дарку эътимодашон ба трендҳои байналмилалӣ аст, барои ширкати Tcell ҷиҳати рушди оянда бетаъсир намонд ва дафтарҳои ширкат низ ба ин стандарт мутобиқ гардонида шуданд.

____________

 Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...