Боздошти ду афсари Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳангоми гирифтани пора

Ду афсари Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурии Раёсати нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳангоми порагирӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, нозири калони ин шуъба Маъруф Қараев тибқи маслиҳати пешакӣ бо сардори […]

Ду афсари Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурии Раёсати нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳангоми порагирӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, нозири калони ин шуъба Маъруф Қараев тибқи маслиҳати пешакӣ бо сардори худ Бозорбой Қурбонов аз сокини Душанбе, ки ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шуда буд, 5 ҳазор сомонӣ пора талаб мекунанд.

Онҳо таҳдид мекунанд, ки нисбати ӯ вобаста ба вайрон кардани қоидаи бақайдгирии шахсони мувофиқи ҳукми суд ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда маводи санҷишӣ тартиб дода, минбаъд ба суд пешниҳод мекунанд.

Гуфта мешавад, Қараев ва Қурбонов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ дастгир ва далели шайъӣ аз онҳо дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшудагон мувофиқи моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.