Бо хоҳиши раиси ВМКБ парвозҳо ба Хоруғ барқарор шуданд

Манзумаи Фирӯз, Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бо хоҳиши раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба ширкати хусусии ҳавопаймоии «Pactec International» ҷиҳати анҷоми бепули парвозҳо ба фурудгоҳи шаҳри Хоруғ алҳол иҷоза дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иттилоъ дод, доир ба ин масъала ӯ ба Вазорати нақлиёт ва шахсони баландпояи ҷумҳурӣ (тибқи маълумоти манбаи “Азия-Плюс” – ба сарвазири кишвар, – эзоҳи идора) муроҷиат намудааст, то ки парвозҳо ба Хоруғ бидуни пардохти маблағ идома ёбанд.

“Мувофиқи қоида ва меъёрҳои байнулмилалӣ, ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои хизматрасонӣ бояд ба фурудгоҳҳо маблағ пардохт намоянд, ширкати «Pactec international» низ. Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ин маблағро 101 доллар барои 1 нишаст муқаррар намуда, аммо нархи билет бе ин ҳам 1100 сомониро ташкил дода, дар сурати пардохти маблағ ба фурудгоҳ, он боз болотар мерафат”, – гуфт раиси вилоят.

Ёдгор Файзов изҳор намуд, ки айни замон ширкат барои пардохти чунин маблағ пул надорад ва аз ин рӯ, ба шахсони воломақом ва масъули ин соҳаи кишвар муроҷиат шуда, дар натиҷа ФБД ба додани иҷозаи парвозҳои ширкати «Pactec International» ба Хоруғ бе пардохти маблағи зикргардида розӣ шуд.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуданд, ки дар мувофиқа бо ҳукумат ба ширкати «Pactec International» ҷиҳати анҷоми парвозҳо ба Хоруғ иҷоза додаанд.

Ширкати «Pactec International» охири ҳафтаи гузашта дар бораи оғози парвозҳо аз фурудгоҳи Фахробод ба шаҳри Хоруғ ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе хабар дода буд. Ҳавопаймои ширкат барои 6 нафар мусофирон пешбинӣ шуда, билетҳоро дар дафтари кории ширкат метавон дастрас намуд. Барои кӯдакони синни то 2-сола парвоз бепул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...