БАОР роҳу воситаҳои раҳоиро аз ҳамкории на он қадр қаноатбахш бо Тоҷикистон меҷӯяд

“Тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистону Қирғизистон аз афзалиятҳои бонки мо маҳсуб меёбанд”, – изҳор дошт раиси Раёсати Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Андрей Белянинов имрӯз, 10 июл зимни нишасти хабарии ҷамъбасти фаъолияти кори бонк дар нимсолаи аввали соли 2019. Ӯ қайд кард, ки дар ин самт айни замон раҳбарияти Бонк аз Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи […]

“Тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистону Қирғизистон аз афзалиятҳои бонки мо маҳсуб меёбанд”, – изҳор дошт раиси Раёсати Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Андрей Белянинов имрӯз, 10 июл зимни нишасти хабарии ҷамъбасти фаъолияти кори бонк дар нимсолаи аввали соли 2019.

Ӯ қайд кард, ки дар ин самт айни замон раҳбарияти Бонк аз Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ тавсияҳоро мунтазир аст.

Ба сурати умум, ба қавли Белянинов, феълан ҳамкориҳо байни БАОР ва Тоҷикистон дар сатҳи на он қадр дилхоҳу қаноатбахш қарор доранд.

“Мо кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки роҳу воситаҳои раҳоиро аз марҳилаи на он қадр хуб дар муносибатҳои дуҷониба пайдо кунем”, – иброз дошт номбурда.

Раиси БАОР таъкид дошт, ки ниҳоди молиявии мазкур аз Тоҷикистон дархостҳои зиёд мегирад, “лекин ба гумони ғолиб, онҳо на дархост, балки хоҳишу орзуст”.

“Онҳо то сатҳи лоиҳаи комил таҳия нашудаанд. Вақте ки мо онҳоро коркард мекунем, маълум мешавад, ки заминаи асосноккунии воқеӣ вуҷуд надорад, ҳатто дар сатҳи 20% гарав таъмин нест. Мо ба созишҳо омодаем, лекин чунин бармеояд, ки шумо ба мо пул диҳед ва мо баъд мебинем, ки баргардонем ё не. Шояд ин начандон дуруст бошад”, – изҳор дошт ӯ.

Белянинов қайд кард, ки айни замон ҳеҷ лоиҳаи мушаххасе, ки метавонист аз ҷониби БАОР маблағгузорӣ шавад, мавҷуд нест.

Ӯ эътироф намуд, ки масъалаи қарздиҳӣ то андозаи муайяне ба узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) низ вобастагӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ягона кишвари узви БАОР боқӣ монадааст, ки то ҳол ба ҳайати ИИАО напайвастааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.