Сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” қариб то 3 млрд. доллар афзуд

Ҳаҷми сармояи оинномавии ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ба миқдори 3 млрд. 560 млн. сомонӣ зиёд шуда, дар ҳаҷми 27 млрд. 760 млн. сомонӣ (наздики 3 млрд. доллар) муқаррар шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Ҷамъият. Охири моҳи июн дар Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» тасмим гирифта шуд, ки […]

Ҳаҷми сармояи оинномавии ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ба миқдори 3 млрд. 560 млн. сомонӣ зиёд шуда, дар ҳаҷми 27 млрд. 760 млн. сомонӣ (наздики 3 млрд. доллар) муқаррар шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Ҷамъият.

Охири моҳи июн дар Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» тасмим гирифта шуд, ки сармояи оинномавии Ҷамъият ба воситаи барориши саҳмияҳои иловагӣ ба миқдори 35 млн. 600 ҳазор саҳмияҳои оддӣ бо арзиши номиналии ҳар як саҳмия баробар ба 100 сомонӣ зиёд карда мешавад.

Зимни маҷлиси саҳмдорон ҳамчунин оид ба тасдиқи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои соли 2019 ва подошпулии он қарор қабул шуд.

Тибқи ин қарор ширкати ҶДММ «Крестон АС» (Тоҷикистон) барои санҷиши аудитории фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» барои соли 2019 интихоб ва маблағи подошпулии он ба андозаи 349 ҳазору 780 сомонӣ бо дарназардошти андозҳо тасдиқ карда шуд.

Аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» дар ҳайати 13 нафар бо роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода тасдиқ гардид.

Гуфта мешавад, вобаста ба ташаккули комиссияи тафтишотӣ ва комиссияи баҳисобгирии  ҶСК «НБО Роғун» Маҷлис қарор қабул намуд, ки аъзои комиссияи тафтишотӣ дар ҳайати 5 нафар ва комиссияи баҳисобгирии ҷамъият дар ҳайати 15 нафар интихоб карда шаванд.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” соли 2008 бо мақсади идома ва ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳи мазкур таъсис дода шуд.

Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Шумори дорандагони саҳмияҳои номӣ бо арзиши 5000 сомонӣ ба 22 ҳазор нафар ва дорандагони саҳмияҳои оддӣ ҳудуди 2 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли 2018 доир гардид. Чанде қабл ширкати украинии «Днепр-Спецгидроэнергомонтаж» хабар дод, ки гидроагрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун аз 31 майи соли равон ба кор дароварда шуда, дар он озмоишҳо ҷараён доранд.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.