Тоҷикистон – Сурия: 2:0. Пирӯзии дуюм дар Ҳиндустон

Дар даври дуюми мусобиқаи байнулмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи Сурияро мағлуб кард. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Комрон Турсунов (дақиқаи 46-ум) ва Илҳомҷон Баротов (дақиқаи 67-ум) ба нишон расониданд. Дарвозабони 20-солаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Рустам […]

Дар даври дуюми мусобиқаи байнулмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи Сурияро мағлуб кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Комрон Турсунов (дақиқаи 46-ум) ва Илҳомҷон Баротов (дақиқаи 67-ум) ба нишон расониданд.

Дарвозабони 20-солаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов бозигари беҳтарини вохӯрӣ дониста шуда, бо 2500 долллар мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали ин мусобиқа футболбозони тоҷик дастаи мизбон – Ҳиндустонро бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дода буданд.

Акнун бо касби 6 имтиёз баъду ду бозӣ мунтахаби Тоҷикистон дар садри ҷадвал қарор дорад. Бозии дигари даври дуюм байни дастаҳои Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ рӯзи шанбе, 13 июл доир мегардад.

Рақиби навбатии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ин мусобиқа дастаи Кореяи Шимолӣ мебошад. Ин бозӣ рӯзи душанбе, 15 июл соати 19:30 дақиқа бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «EKA Arena» баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи байнулмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дастаҳо якборӣ бо ҳам вохӯрда, сипас аз рӯи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ, ду дастаи беҳтарин санаи 19 июл дар бозии финалӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.